Jump to content

Абдуқаҳор Холов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Холов Абдуқаҳор Сатторович
Сурат
Таърихи таваллуд 19 марти соли 1971
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон

Холов Абдуқаҳҳор Сатторович - 19 марти соли 1971 дар ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, соли 2000-ум филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Уляновскии Федератсияи Русияро бо ихтисоси «иқтисодшинос» ва ҳамчунин соли 2009 Донишгоҳи ал-Азҳари Ҷумҳурии Мисри Арабро бо ихтисоси «забону адабиёти араб» хатм намудааст.

Соли 1995 ба ҳайси корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ифои вазифа кардааст. Дар тӯли 20 соли ахир бо фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар машғул мебошад. Аз соли 2014 - раиси Шӯрои нозирони ҶДММ «Сармоягузории байналмилалии Дубай». ӯ ҳамчунин ҳаммуалифи китоби «Накши сиёсии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон» мебошад.[1]

  1. Далер Fуфронов ва Назокат Хайдарова Маҷаллаи "Элита" Августи 2014 (3)