Jump to content

Абдуқаҳҳор Саидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуқаҳҳор Саидов
Абдуқаҳҳор Саидов
Таърихи таваллуд 28 октябр 1945(1945-10-28) (79 сол)
Зодгоҳ деҳаи Меҳнатобод ноҳияи Вахш, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ Таърих
Ҷойҳои кор Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Медали ҷашнии «20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Медали «50 соли фаъолияти бефосилаи пурсамар дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Абдуқаҳҳор Саидов (Саидов Абдуқаҳҳор ; 12 октябри 1945, ҶШС Тоҷикистон) — муаррих, филолог- шарқшинос, доктори илмҳои таърих, профессор, Аъзо-корреспонденти Академияи улуми табиатшиносии Русия (бахши илмҳои таърих, 2018). Профессори Академияи улуми табиатшиносии Русия (бахши илмҳои таърих, 2018). Академики Академияи улуми табиатшиносии Русия (бахши илмҳои таърих, 2020).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуқаҳҳор Саидов соли 1971 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро бо ихтисоси филолог- шарқшинос хатм намуд.

Саидов А. узви шӯрои илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви шӯрои диссертатсионии Д.737.004.02 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви шӯрои диссертатсионии 6Д. КОА-005 Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҷонишини раиси шӯрои диссертатсионии 6Д. КОА-046 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав мебошад.[1].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи феврали соли 1989 рисолаи номзадиро зери унвони «Мулҳақот ас-Суроҳ»-и Ҷамол Қаршӣ ҳамчун маъхази таърихӣ (ибтидои асри XIV)» дифоъ кард. 28 маи соли 2007 дар мавзӯи «Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии хонии Бухоро дар асри XVII – нимаи аввали асри XVIII» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Заминаҳои фаъолияти илмӣ: омӯзиши таърихи асрҳои миёнаи мардумони Осиёи Марказӣ, таърихнигорӣ ва сарчашмашиносӣ.

Саидов А. асарҳои зиёде дар Тоҷикистон ва хориҷа дар мавзӯъҳои таърихи халқи тоҷик, маъхазшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ ба табъ расонидааст. Ӯ муаллифи 10 рисола, 14 китоби дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ ва зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла рисола ва китобҳои дарсии зерин ба қалами ӯ тааллуқ доранд:

Рисолаҳо
  • • Ишораҳое ба таърих ва оинҳои тоҷикони Хитой. -Душанбе: Дониш, 2006. - 94 с.
  • • Джамал Карши. Мулхакот ас-Сурах. Перевод с арабского и примечания Саидова А. -Душанбе: Ирфон, 2006. - 266 с.
  • • Социально-экономическое положение Бухарского ханства в XVII-первой половине XVIII вв. - Душанбе: Ирфон, 2006. - 220 с.
  • • Политическая история Бухарского ханства в XVII-первой половине XVIII вв. - Душанбе: Ирфон, 2007. - 149 с.
  • • Духовная и материальная культура таджикского народа в XVII-первой половине XVIII вв. - Душанбе: Ирфон, 2007. - 94 с.
  • • Политическое и социально-экономическое положение Бухарского ханства в ХVII – первой половине ХVIII вв. - Душанбе: Дониш, 2010. - 292 с.
  • • История таджикского народа. Т. 4. - Душанбе: Дониш, 2010 (бо ҳаммуаллифии Ҳайдаршо Пирумшоев, Ҳамза Камол, Муқимов Р.С. ва диг.). - 1123 c.
  • • История таджикского народа. Т. 3. - Душанбе: Дониш, 2013 (бо ҳаммуаллифии Ҳайдаршо Пирумшоев, Ҳамза Камол, Муқимов Р.С. ва диг.). - 579 с.
  • • Таджикские учёные (биобиблиографический справочник). Т. 1. (Древность и средневековье). - Душанбе, 2014 (бо ҳаммуаллифии Дубовицкий В.В., Нуралиев Ю.Н. ва диг.). - 283 с.
  • • Мовароуннаҳр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII (таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ). - Душанбе: Дониш, 2020. - 491 с.[2].
Асарҳои илмӣ-методӣ ва таълимӣ
  • • Худомӯзи забони арабӣ (бо ҳаммуаллифии Қозӣ Махсумов). - Душанбе: Маориф, 1993. - 303 с.
  • • Барномаи таърихи халқи тоҷик барои синфи 5-11 мактабҳои таҳсилоти умумӣ. - Душанбе, 2008. - 63 с.(бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол ва диг.)
  • • Худомӯзи забони арабӣ . Нашри 2. – Душанбе, 2009. - 320 с.(бо ҳаммуаллифии Қозӣ Махсумов)
  • • Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8 (илова). - Душанбе: Граф Полиграф, 2010. - 116 с. (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол)
  • • Худомӯзи забони арабӣ.Нашри 3. – Душанбе: Шуҷоиён, 2010. - 300 с. (бо ҳаммуаллифии Қозӣ Махсумов)
  • • Маъхазшиносӣ (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол). - Душанбе: Сабрина-К, 2015. – 102 с. (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол)
  • • Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8. Нашри 1. - Душанбе: Маориф, 2016. – 303 с. (бо ҳаммуаллифии Аҳрор Мухторов, Ҳамза Камол)
  • • Барномаи таълимӣ аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» барои ихтисосҳои ғайри касбӣ. - Душанбе, 2016. - 120 с.(бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол ва диг.)
  • • Барномаи таълимӣ аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. - Душанбе, 2018. – 168 с. (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол ва диг.)
  • • История таджикского народа (Учебно-методический комплекс).- Душанбе, 2018. - 603 с. (в соавторстве с Х. Пирумшоев, Хамза Камол и др.)
  • • История таджикского народа. Учебная программа для студентов непрофильных заведений высшего профессионального образования. Душанбе,2019. –189 с. (в соавторстве с Хамза Камол и др.)
  • • История таджикского народа. Учебник для 8 класса. - Душанбе, 2022. – 336 с. (в соавторстве с А.Мухторов, Хамза Камол и др.)
  • • Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8. - Душанбе: Маориф, 2022. – 311 с. (бо ҳаммуаллифии Аҳрор Мухторов, Ҳамза Камол)
  • • Маъхазшиносӣ (аҳди қадим – ибтидои асри ХХ). Дастури таълимӣ барои пажуҳандагон, аспирантҳо, магистрҳо ва донишҷӯёни факултети таърихи донишгоҳҳо. - Душанбе: Ганҷи хирад, 2023. - 312 с. (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол).[3].

Мукофотҳо ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Медали ҷашнии «20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945».
  • Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Медали «50 соли фаъолияти бефосилаи пурсамар дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»
  • Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

  1. Абдуқаҳҳор Саидов(тоҷ.). www.institute-history.tj (2023). 29 июли 2023 санҷида шуд.
  2. Абдуқаҳҳор Саидов(тоҷ.). www.institute-history.tj (2023). 29 июли 2023 санҷида шуд.
  3. Абдуқаҳҳор Саидов(тоҷ.). www.institute-history.tj (2023). 29 июли 2023 санҷида шуд.