Абдуҳамид Ҳомидов
![]() |
Абдуҳамид Ҳомидов | |
---|---|
Абдуҳамид Воҳидович Ҳомидов | |
Зодгоҳ: | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | тиб |
Ҷойҳои кор: | Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3, Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва сандуқи сина, Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии Душанбе, Донишгоҳи давлатии Уляновск, Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулев |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулев, ИҶШС |
Абдуҳамид Воҳидович Ҳомидов (1954, Душанбе) — доктори илми тиб (2002), профессор (2002).
Зиндагинома[вироиш]
Хатмкардаи факултаи муолиҷавии Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулев (1977). Духтури интерни шуъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 (1977-1978), ҷарроҳи Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии Душанбе (1978-1982), ординатори клиникӣ (1982-1984) ва аспиранти Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулеви АИТ Россия (1985-1988), духтури ҷарроҳи дили Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва сандуқи сина (1990-1996), дотсенти Донишгоҳи давлатии Уляновск (ш. Уляновски Россия; 1996-1997), докторант (1997-2000) ва ходими пешбари илмии шуъбаи ҷарроҳии нуқси модарзодии дил дар кӯдакони хурдсоли Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулев.[1]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои ятим
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми тиб
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Пизишкони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Табибони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино