Jump to content

Абри баҳор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абри баҳор — навъи санъати китобат ва усули оро додани саҳифаҳои китоб.

Тарзи омода намудан

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зарфи махсус шилми дарахтро бо рангҳои мухталиф ва ширеш омехта, бо ёрии мӯйқалам бо навбат (аз ранги баланд ба ранги паст) пош медоданд. Тавассути шонаи махсус ҳар гуна тасвирҳо ҳосил намуда, болои онро бо коғаз мепӯшонданд; баъди чанд дақиқа коғазро оҳиста гирифта аз як гӯшааш дар ҷойи соя меовехтанд, то ки моеи рӯи коғаз шорад ва он хушк шавад. Устоҳо аз хатҳои каҷу килеб ва гулҳои «Абри баҳор» дар вақти тасвири ҳар гуна шаклҳои ҳандасӣ, рустаниҳо, ҳатто порчаҳои шеърӣ низ истифода кардаанд. Гулҳои «Абри баҳор», одатан, ба якдигар шабеҳ нестанд, лекин устоҳои моҳир қодир буданд, ки як нақшро якчанд маротиба бамавқеъ такрор кунанд. Ин навъи санъати китобат асрҳои 16 – 17 дар Ҳирот хеле ривоҷ ёфта буд. Дар Табрез, Қазвин, Исфаҳон ва ғайра дастхатҳои бо санъати «Абри баҳор» ородода вомехӯранд. Солҳои охир барои аз нав эҳё намудани ин санъати фаромӯшшуда кӯшишҳо шуда истодааст.