Абсурдистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абсурдистон
олмонӣ: Absurdistan
Жанр филми танз
Коргардон
Муаллифи
филмнома
Наворбардор
Оҳангсоз
Давомнокӣ 87 дақиқа
Мамлакат
Забон русӣ ва олмонӣ
Сол 2008 ва 20 март 2008[1]
IMDb ID 1027658
Сайти расмӣ

«Абсурдистон» (англ. Absurdistan) — филми коргардон ва филмноманависи олмонӣ Вейт Ҳелмер, ки аз ҷониби MIFF дар соли 2008 наворгирӣ шудааст .

Филм аз ҳодисаҳои маҳаллае дар Қафқоз ҳикоят мекунад. Коргардон забони русиро ба ҳайси забони аслии филм интихоб кардаст. Филм дар Озарбойҷон ба навор гирифта шудааст.

Вожаи «абсурдистон» номи ҳаҷвӣ барои кишварест, ки дар он чизҳои бемаъниву музахраф маъмул шудааст (аз русии абсурд — бемаънӣ, музахраф ва пасванди тоҷикии -истон — макон), бахусус дар сиёсату ҳукумат.

Дар аввал, ин истилоҳ дар байни дигарандешон маъмул буд, ки ба кишварҳои сотсиалистии Аврупои Шарқӣ муроҷиат мекарданд. Онро Ватслав Гавел аксар вақт нисбат ба Чехословакияи сотсиалистӣ истифода мебурд. Вақтҳои охир истифодаи ин истилоҳ дар доираи кишварҳои Ховари Миёна ва кишварҳои фазои пасошӯравӣ васеъ гардид.

Сужа[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолии деҳаи Абсурдистон аз чордаҳ оила иборатанд. Мушкилоти муҳимтарини сокинони он қатъ шудани хатти об мебошад. Аммо занон танбалии мардонро мушкилоти асосӣ меҳисобанд. Қаҳрамонони филм Темелко ва Ая ба якдигар ошиқ мешаванд. Аммо пеш аз он ки байни онҳо ягон робита барқарор шавад, Темелко бояд дар ҳалли мушкилоти оби деҳа кумак кунад. Занҳо аз тамбаливу куҳнапарастии мардон дилгир шуда, деҳаро ду қисм карда, бо мардон тамоман алоқаро қатъ мекунанд. Темелеко барои таҳсил ба шаҳр меравад. Баъди баргашт, мехоҳад дар ҳаёти иҷтимоии деҳаро тағйир диҳад. Аммо мардони куҳнагарои деҳа монеъ мешаванд. Онҳо Темелкоро бо худ ба корҳое барқасди занони деҳа вомедоранд. Темелко барои расидан ба ишқаш ба танҳоӣ барои таъмири хатти харобшудаи об ба «дараи марг» (аҳолии деҳа онро чунин меномиданд) меравад. Дар охир, ба ӯ муяссар мешавад, ки хатти обро барқарор карда, ба ишқаш расад ва ҳаёти осоиштаву хубро ба мардуми деҳа баргардонад.

Ҷоизаҳо[4][вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фестивали кинои Бавария 2008 — Ҷоизаи махсус
  • Фестивали «Fantasporto» 2009 — Беҳтарин филми хаёлии хориҷӣ

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • китоби Гари Стингарт «Абсурдистон» (англ. Absurdistan)
  • филми кӯтоҳи Евгений Моргунов аз рӯи ҳикояҳои Михаил Шолохов " Вақте ки казакҳо гиря мекунанд " дар мавзӯи шабеҳ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]