Абуалӣ Муҳаммади Сурӣ
Зоҳир
|
|
Даргузашт |
1046 Ғазна |
Абуалӣ Муҳаммади Сурӣ (тав. номаълум — 1046, Ғазна) — ҳокими дастнишондаи Ғазнавиён дар вилояти Ғури Афғонистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмуди Ғазнавӣ соли 1030 ҳокими вилояти Ғур Муҳаммади Суриро барканор кард ва ба ҷои ӯ писарашро нишонд. Абуалӣ ҳар сол молиёти ҷинсӣ, аз қабили аслиҳаи ҷангӣ (ҷавшан, хӯд ва ғайра) ба султони Ғазна медод. Баъдҳо Абуалӣ хоҳони истиқлол шуд. Соли 1046 бародараш ба исми Аббос бо кумаки сипаҳсолори Ғазнавиён Барстекин қалъаи ӯро тасхир кард ва ӯро ҳамроҳи писараш Яҳё ба Ғазна фиристод ва султон он ҳар дуро ҳукм ба қатл кард. Ғур дубора зери нуфузи Ғазна қарор гирифт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.