Ғур
Ғур, минтақаи таърихӣ дар қисмати шарқу ҷануби Ғарҷистон. Сарҳадди Ғур дар самти шимол аз работи Кирвон оғоз шуда, дар шарқ то Бомиёну Ғазна, дар ҷануб то Заминдовару Фароҳ, дар ғарб то Ғарҷистону Ҳирот тӯл мекашид.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳрҳои асосии Ғур: Фирӯзкӯҳ, Бомиён, Шаҳрак, Тулак, Оҳангарон, Қарабоғ, Кирмон, Шаҳри Заҳҳок, Шаҳри Шоҳи Қадим ва Ғулғула буданд. Дар бораи таърихи тоисломии Ғур маълумот кам аст. Аз харобаҳои Қарабоғ сиккаҳои аҳди Искандари Мақдунӣ пайдо шуданд, вале маълум нест, ки Ғур ба ҳайати империяи ӯ дохил мешуд ё тангҳо аз ҷониби тоҷирон ба ин ҳудуд оварда шудаанд. Мавҷудияти ду пайкараи бузурги Буддо дар Бомиён шаҳодати он аст, ки дар давраи мавҷудияти давлати Кушониён дини буддоӣ дар Ғур густариш ёфта буд. Таҳқиқоти олимони фаронсавӣ дар Бомиён (солҳои 20 асри 20) собит намуданд, ки асрҳои аввали милодӣ паҳншавии дини буддоӣ дар Ғур оғоз ёфт. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» Ғурро бо вилояти Кобул, Сиистон, Балуч, Қаннуч як ҷузъи Зобул (Қандаҳор) дониста, мардумашро шуҷоъу далер васф менамояд:
Сари Ғуриён буд Бастоми шер,
Куҷо пушти пил оваридӣ ба зер.
Аз давраи ҳукмронии Ҳайтолиён мавқеи Ғур дар минтақа устувор шуда, дар давраи муборизаи Сосониёну туркон хонадонҳои маҳаллии кӯҳистон мустақил гардид. Аз давраи ҳуҷуми арабҳо ба Хуросон мавқеи хонадонҳои маҳаллии Шинасбониён ва Шишониён дар Ғур устувор шуд, аз аҳди хилофати Ҳорунаррашид хонадони аввалӣ вазифаи роҳбарӣ ва дуввумӣ сипаҳсолориро бар уҳда доштанд. Баъдан минтақа ба ду вилоят – Ғур ва Ғарҷистон тақсим шуд. Дар вилояти аввалӣ Шинасбониён ва дар вилояти дуввумӣ Шишониён ҳукмронӣ мекарданд. Мувофиқи маълумоти «Ҳудуду-л-олам» мардуми Ғур аксаран мусулмон буда, шоҳонаш унвони «ғуршоҳ» доштанд ва Ғур тобеи сулолаи Фариғуниён буд. Аз ин маълумот бармеояд, ки дар асри 10 Ғур зери тобеияти сулолаи дастнишондаи Сомониён дар Гузгон – Фариғуниён қарор дошт. Охирии ҳокими мустақили Шинасбониён дар Ғур – Муҳаммад ибни Сурӣ баъди шикаст аз ҷониби Алптегин заҳр хӯрда ҳалок гардид. Баъди ҳуҷуми Масъуди Ғазнавӣ ба Ғур (1020) минтақа ба ҳайати давлати Ғазнавиён дохил шуда, дар маъхазҳои таърихии ин давра ҳамчун мулки мардумони саркаш ва макони қарматиён ёд мешавад. Дар давраи ҳукмронии Ғазнавиён сулолаи Шинсбониён мухторияти дохилии Ғурро бо марказаш – Оҳангарон ҳифз карданд. Бо вуҷуди кӯҳистон будани минтақа, дар Ғур қалъаҳои муҳофизатии зиёде сохта шуда буданд: Фирӯзкӯҳ, Мандеш, Баркӯшк, Тӯлак, Хайсор, Тамрон, Сайфрӯд, Волиштон ва ғайра. Машғулияти асосии мардуми Ғур кишоварзӣ, оҳангарӣ, чорводорӣ (асппарварӣ) ва Ғур буд. Молҳои асосии содиротии Ғур ашёи филиззӣ ва аслиҳаи ҳарбӣ буд. Хусусан истифоди аслиҳаи «корва» ҳамчун ҷавшани афсарони пиёданизом дар Ғур шуҳрат дошт. Сарзамини Ғур аз маъданҳои тило, нуқра, оҳан, мис, сурб ва намак ғанӣ буда, ғуриён ҳатто дар сохтмони кӯшкҳо аз оҳан истифода мебурданд.
Ғур дар таҳқиқоти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба қавли Б. Ғафуров, аз асрҳои 9–11 дар Ғур муносибатҳои патриархалӣ-феодалӣ ҳукмрон шуда, раванди ба заминдорони калон (феодал) табдил ёфтани ашрофи маҳаллӣ анҷом ёфт. Ашрофи ҳар мавзеи Ғур унвони хос доштанд: дар Мандеш «малик» ё «меҳтар» (баъдтар «ғуршоҳ), дар Тамрону Тамазон «варанда», дар Вармишон «вармишат» ва ғайра. М. С. Массон ва В. А. Ромодин дар асоси маълумоти «Ҳудуду-л-олам» ва дигар маъхазҳо даъвои паштузабон будани ғуриҳоро рад карда, таъкид менамоянд, ки паштуҳо то аср 13 дар минтақаи байни Ғазнӣ ва Ҳинд сукунат доштанд. Дар Ғур лаҳҷаҳои гуногун вуҷуд доштанд, ки баъзеи онҳоро танҳо бо тарҷума фаҳмидан мумкин буд. Авҷи тараққиёти Ғур дар давраи салтанати Шинасбониён (нимаи дуввуми асри 12 буд. Баъди таназзули ин салтанат, Ғур муддате тобеи давлати Хоразмшоҳиён шуд. Дар давраи ҳуҷуми муғул мардуми Ғур бар зидди истилогарон муқовимат нишон дода, бештаре ҳалок ва аксари шаҳрҳову қалъаҳои минтақа вайрону валангор шуданд. Пас аз тохтутози муғул дар Ғур хонадони дигари тоҷик – Куртҳои Ҳирот (1245–1381) ба сари ҳокимият омада, гоҳ мустақил ва гоҳе нимамустақил минтақаро идора карданд. Дар ниҳоят, ба дасти Темур маҳв шуданд. Пас аз ин, то асри 18 Ғур мулки мустақили ҳокимнишин буд ва баъдан ба ҳайати давлати Дуррониён дохил шуд. Имрӯз Ғур яке аз вилоятҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғур / Н. Амиршоҳӣ, Қ. Искандаров. // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — С. 142-143. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Бартольд В. В. Сочинения. Т. 7. М., 1971;
- Босворт К. Э. Мусульманские династии. Справочник по хронологии и гениалогии. М., 1971;
- Ҳудуду-л-олам. Д., 1972;
- Амиршоев Н. Қ. Историографияи таърихи Ғур // Материалы Респ. научно-теоретич. конф. молодых учёных и специалистов (обществ. науки). Д., 1985;
- Амиршоев Н. Қ. Инъикоси таърихи Ғур ва Ғуриён дар сарчашмаҳои хаттии форсӣ // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон. Бахши шарқшиносӣ. №3. Д., 1988;
- Амиршоев Н. Қ.. Давлати Куртҳои Ҳирот (1245–1381), Д., 1996;
- Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. Д., 1998;
- Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX–XIV. Д., 1999;
- Амиршоев Н. Қ. Таджикское государство Гуридов // История таджикского народа. Т. 3. Д., 2013;
- Сафарзода Н. Ш. Описание исторической географии Гура по средневековым географическим трудам. Историк. (научно-теоретический журнал), № 2 (42) 2025. –С. 83–88. https://cyberleninka.ru/article/n/opisanie-istoricheskoy-geografii-gura-po-srednevekovym-geograficheskim-trudam