Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абузари Ғиффорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абузари Ғиффорӣ
араб. ар. أَبُو ذَرّ ٱلْغِفَارِيّ
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: ар. جُنْدَب بن جُنادَة بن سُفيان ٱلْغِفَارِيّ ٱلْكِنَانِيّ‎
Касб, шуғл: воиз, муҳаддис, бозаргон
Таърихи таваллуд: номаълум
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 651[1]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Ҷанг:
Шогирдон: Анас ибни Молик

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абузарри Ғифорӣ (ар. أبوذرلغفاري غفاري), Ҷундуб ибни Ҷу­но­да ибни Суфён ибни Убайд (номаълум, Ҳиҷоз651[1], Рабаза[d], Хилофати Рошидин) — аз бузургони саҳоба ва собиқин дар ислом, ки ба зуҳду сидқи гуфтор шуҳрат дошт. Ӯ панҷумин ва ё шашумин кас дар ислом ва нахустин касе буда, ки Паёмбар (с)-ро бо таҳияи ислом салом гуфтааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ хеле барвақт дар ибтидои даъвати ислом дар Макка вақте хабари Паёмбар (с)-ро шунид, ба он ҷо омад ва чанд рӯзе дар канори Каъба қасди худро аз мардум пинҳон медошт ва аз симояшон ахбор меҷуст. Ниҳоят бо Алӣ дидор кард ва ӯро назди Паёмбар (с) бурд. Абузари Ғифорӣ пас аз дидор бо расули Худо (с) ислом овард ва исломи худро ду ё се рӯз дар канори хонаи Каъба ва дар байни мушрикон эълон дошт, сипас ба сӯи қавми хеш – қабилаи Ғифор, баргашт ва онҳоро ба ислом даъват кард. Вай пас аз ҷанги Ҳандақ ҳамроҳи қабилаи Ғифор ва Аслам, ки ҳар ду ба дасти вай ислом оварда буданд, ба Мадина омад ва пас аз вафоти расули Худо (с) ба Бодияи Шом рафт. Ӯ дар илм бо Ибни Масъуд (р) ҳампоӣ мекард.

Дар аснои ҳаракат ба сӯи Табук мардоне пайи ҳам қафо мезаданд ва аҳли лашкар мегуфтанд: Эй расули Худо, фалонӣ ақиб зад. Он ҳазрат (с) мегуфт: Ӯро бигузоред, агар дар вай хайре бошад, Худо ӯро ба шумо мерасонад ва агар ғайр аз ин бошад, Худо шуморо аз вай роҳат сохт. Шутури Абузари Ғифорӣ дар роҳ сустӣ кард, Абузари Ғифорӣ онро раҳо кард ва бораш бар пушташ пиёда ба роҳ афтод. Марде аз мусулмонон ба ақиб нигоҳ кард ва гуфт: Марде пиёда меояд. Расули Худо (с) фармуд: «Абӯзар бош!», мардум вақте бо диққат нигоҳ карданд, гуфтанд: Эй расули Худо (с), ба Худо, ки Абӯзар аст. Паёмбар (с) фармуд: «Худо Абӯзарро раҳмат кунад, танҳо мезияд, танҳо мемирад ва танҳо маҳшур мегардад».

Дар замони хилофати Усмон (р) ба Димашқ омад ва дар мазаммати дунёпарастӣ ва интиқоди тавонгарону сарватандӯзон суханоне гуфт. Вақте суханони вай ба халифа Усмон (р) расиданд, ӯро ба Мадина фаро хонд ва дар Рабаза – аз деҳоти перомуни Мадина, ҷой дод. Ду пешгӯии расули Худо (с) дар бораи Абузари Ғифорӣ таҳаққуқ ёфтанд. Вай боқии умрашро дар Рабаза танҳо зист ва дар он ҷо аз дунё танҳо даргузашт. Вақте марги Абузари Ғифорӣ фаро расид, занаш гирист. Пурсид: Чӣ мегирйӣ? Гуфт: Барои он, ки чизе надорам, ки бо он кафанат кунам. Абузари Ғифорӣ гуфт: Мо чанд нафар назди расули Худо (с) будем, ӯро шунидам, ки фармуд: «Ҳамоно марде аз шумо дар замине биёбон мемирад ва ҷамоае аз муъминон ӯро дармеёбанд». Тамоми онҳое, ки дар он маҷлис будем, дар деҳа мурданд ва ғайр аз ман касе аз онҳо боқӣ намондааст, роҳро нигоҳ кун, ҳамин ҳоло ҷамоае аз муъминон дармерасанд. Ин буд, ки гурӯҳе аз муъмонон, ки аз Ироқ ба Мадина мерафтанд, ба он ҷо расиданд ва Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) дар байнашон буд. Вақте даргузашт, Ибни Масъуд (р) бар ӯ намоз гузорид.

Ҷойгоҳ дар миёни саҳобагон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абузари Ғифорӣ дар миёни мардум бо сидқи гуфтор, сароҳати лаҳҷа ва ҳимоя аз зиндагии фақирона шуҳрат ёфта ва бо зуҳду ростгӯӣ масал гашта буд. Расули Худо (с) низ ба ин сифати Абузари Ғифорӣ ишора фармудааст: «Замин бар рӯи худ ва осмон ба зери сояи худ марде ростлаҳҷатар аз Абузарро надидаанд» («Сунан»-и Тирмизӣ, 3801, 3802). Дар ҷои дигар бо ишора ба рӯҳи латиф ва сидқи гуфтори Абузари Ғифорӣ фармуда: «Эй Абузарр, танҳо зиндагӣ мекунӣ, танҳо мемирӣ ва танҳо мабъус мегардӣ!».

Аз суханони ҳакимонаи Абузари Ғифорӣ: Дар мол се кас шарик ҳастанд, яке тақдир, ки дар рабудани хайру шарри он бо ҳалокат ва ё марг аз ту напурсад, дигар ворис, ки мунтазир аст, то ту сар бимонӣ ва ӯ он молро соҳиб гардад ва сеюм, ту ҳастӣ, ки агар битавонӣ оҷизтари онҳо набошӣ, пас чунон кун! Худованд мефармояд: «Ҳаргиз ба бир – некуӣ нарасед, то аз он чи дӯст медоред, инфоқ намоед!» (Қуръон, 3:92). Бухорӣ ва Муслим 281 ҳадис аз вай ривоят кардаанд.

  • Боқизода А. Имоми Аъзам бузургмарде дар таърихи башарият. Д., 2009;
  • ميرزا محمد علي مدرس. ريحانة الادب في تراجم المعروفين بالكنية واللقب. تهران، 1374 ش.؛
  • عمر كحالة. معجم المؤلفين. القاهرة، 1993؛ خير الدين الزركلي. الأعلام. بيروت، 2005؛
  • سید غلامرضا تهامی. فرهنگ اعلام تاریخ اسلام. تهران، 1387 ش.؛
  • ;دائرة المعارف فارسی. تهران، 1387 ش