Jump to content

Абуисҳоқи Козирунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуисҳоқи Козирунӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: ориф
Таърихи таваллуд: 963
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1035[1]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуисҳоқи Козарунӣ (форсӣ: ابواسحاق کازرونی‎; 963, Козирун, устони Форс1035[1], Козирун, устони Форс[1]) — мутафаккири мутасаввиф, мулаққаб ба Шайхи муршид.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бобояш зардуштӣ буд, падару модараш ба ислом гаравида буданд. Аҳли оилаи Абуисҳоқи Козарунӣ зиндагии фақиронае дошт. Аз хурдсолӣ ба омӯзиши улуми замона пардохта, дар кӯдакӣ Қуръонро аз ёд кард ва дар 15-солагӣ ба тасаввуф гаравид. Назди шайхи машҳури замонаш Ибни Баккор тасаввуфро омӯхт ва дар Шероз ба самои ҳадис пардохт. Бештари вақти худро ба ваъз ва нашру таълими ислом сарф мекард. Ин амали ӯ дар Козарун, ки бештар зардуштиён зиндагӣ мекарданд, мушкилиҳои бисёре ба вуҷуд овард. Зардуштиён борҳо ба Абуисҳоқи Козарунӣ сӯиқасд карданд. Абуисҳоқи Козарунӣ ба Шероз, Макка, Басра сафар карда, бо мутафаккирону суфиён суҳбат ороста, роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни ирфонӣ баҳс кардааст. Охири умрашро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Баъди вафоти ӯ силсилаи козарунӣ асрҳо давом кард ва пайравонаш таълимоти Абуисҳоқи Козаруниро идома доданд. Абуисҳоқи Козарунӣ аз аҳли риёзат буд. Доир ба бисёр масъалаҳои тасаввуф, аз ҷумла мақомоту аҳвол ва усули муҷоҳадаю мукошафа, назари ҷолибе баён кардааст. Фаридуддини Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» ӯро ҳамчун шахси донишманд, ягонаи аҳд, шамъи анҷуман ёд мекунад. Ҳикоёт ва риёзоташ дар китобе гирд оварда шудаанд, ки онро дар садаи XIV Маҳмуд ибни Усмон бо номи «Фирдавс-ул-муршидия фӣ асрор-ис-самадия» ба форсӣ тарҷума кард. Тарҷумаҳои дигари он низ мавҷуданд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 English Wikipedia community Wikipedia (ингл.) — 2001.