Jump to content

Аттори Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аттори Нишопурӣ
форсӣ: فَریدالدّین ابوحامِد محمّد عطّار نِیشابوری
Таърихи таваллуд: марти 1145
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 апрел 1221 (76 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: файласуф, шоир, нависанда, дорусоз, зиндагиноманавис, ориф, сӯфӣ
Забони осор: форсӣ[2]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шайх Фаридуддин Муҳаммад ибни Иброҳими Аттор, маъруф ба Аттор (форсӣ: شیخ عطّار نیشابوری‎; марти 1145, Нишопур, Салҷуқиён[1]26 апрел 1221, Нишопур, Империяи Муғулистон) — файласуф, ориф, шоир, нависанда ва тазкиранигори форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номаш Муҳаммад, бо тахаллуcҳои «Аттор» ва «Фарид» шеър мегуфт. Падараш Абубакр ибни Иброҳим ва гузаш­тагонаш асосан бо атторӣ (дорусозию доруфурӯшӣ) ва табибӣ умр ба сар бурдаанд ва Аттор тахаллус карданаш низ аз ҳамин ҷост. Падари Аттор умри дароз дида, зоҳиран то он замон, ки шоир «Асрорнома»-ро ба назм медаровард, дар қайди ҳаёт будааст. Модари Аттор зани порсо, покдил, босавод, аҳли маънӣ буд ва гӯё парвариши рӯҳонии ӯ писарашро «Аттор» кардааст. Аттор аз кӯдакӣ дар назди волидайн, бахусус модари хушхаттусаводаш, ба таълиму донишомӯзӣ пардохта, дар баробари аз улуму фунуни адабӣ, ҳикмату калом, нуҷум, тиб, дорушиносӣ, улуми динӣ, монанди тафсир, ривоёту аҳодис, фиқҳ ва ғайра суди комил бардоштан, пайваста ба доруфурӯшӣ ва табибӣ машғул гардидааст. Сарфу наҳви арабиро хуб медонист, бо Қуръон, адабиёти араб ва назарияи адабиёт, илми шеър ошноии комил дошт. Талабот ба табибӣ ва доруфурӯшӣ ва шуҳрати касб волидайни Атторро ба шаҳри Нишопур меоварад. Падараш дар шаҳр маркази ташхиси беморон ва чандин дукони доруфурӯшӣ мекушояд. Зоҳиран Аттор дар маркази ташхис фаъолият доштааст, ки дар «Хусравнома» мегӯяд:

Ба дорухона понсад шахс буданд,
Ки дар ҳар рӯз набзам менамуданд.

Аттор аз авони кӯдакӣ то ба камол расидану идомаи минбаъди зиндагӣ ба молу амвол ниёзмандие надошт ва ҳамин бениёзӣ ба ӯ олами таълиму тадрисро ҳар чӣ фарохтар карда, машғулияти ӯро илова бар доруфурӯшию табобати ҳамнавъон ба фарҳанг афзуда буд. Дар маъхазҳои мавҷуда сабт аст, ки Аттор ҳафтод соли умри худро ба ҷамъоварии маълумот дар бораи зиндагиномаи суфиёну машоих сарф намуда, беш аз чаҳорсад китобро дар мав­зӯи ирфон мутолиа карда буд. Натиҷаи ин заҳматҳои ҳамешагӣ «Тазкирату-л-авлиё»-и ӯст. Зиндагиномаи Аттор мудҳиштарин хунрезии маргбори аҳди муғул аст. Вобаста ба талаботи давру замон ва бениёзии маишию маънавӣ Аттор хидмату мулозимати шоҳу ҳокимонро напазируфта, дар ҳалқаи аҳли тасаввуфи вақт камол ёфта, ба ақоиди эшон дилгармӣ дошт ва дар сояи модари рӯҳонӣ ва шояд падараш ҳам, дӯстдори ҳақиқат ва ёри Ҳақ гардид. Аттор ба мактаби аҳли тасаввуф ворид шуда, ҳаргиз андешаи онро накардааст, ки дорухонаро ба тороҷ диҳад ва сар ба биёбон ниҳад. Баръакс, дар хилвати ҳамон дорухона соатҳои фароғатро ба хондану навиштан мегузаронд, асарҳояшро таълиф менамуд, барои тану рӯҳи ҳам­навъонро саломат нигоҳ доштан заҳмат мекашид. Вай аз машоихе буд, ки тағйири ҳол карда бошад ҳам, аз маш­ғулияти дунявӣ ва касби маош боз наистодааст. Аттор ҳаҷ карда буд ва муво­фи­қи маълумоти Ҷомӣ аз муридони Шайх Маҷидуддини Бағдодӣ, маъруф ба Хоразмӣ ва аз тарбиятёфтагони мактаби Шайх Наҷмуддини Кубро мебошад. Ҳикоятест, ки дар пирии Аттор, ҳангоме ки Баҳоуддин Муҳаммад, падари Ҷалолуддин Муҳаммад, маъруф ба Мавлавӣ бо аҳли оилааш раҳсипори Ироқ буд, дар Нишопур бо писараш ба хидмати Шайх мерасад. Аттор дар ин дидорбинӣ нусхае аз «Асрорнома»-ро ба Ҷалолуддини хурдсол бахшида будааст. Ин ҳикоят ҳақиқати таърихӣ дорад, зеро «Маснавии маънавӣ» дар шеваи маснавии Аттор эҷод шудааст. Аттор соҳиби оила ва фарзандон буд. Вай дар айёми пирӣ, ба дасти муғулон дар Нишопур ба шаҳодат мерасад. Оромгоҳаш дар канори шаҳри Нишопур зиёратгоҳи хоссу ом аст. Охири садаи XV бо маблағ ва фармони Амир Алишери Навоӣ дар сари марқадаш хонақоҳ сохта будаанд.

Мақбараи Аттор
Мақбараи Аттор

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Аттор то ба замони мо осори бисёри манзуму мансур ба мерос мондааст. Дар маъхазҳои мавҷудаи адабию таърихӣ адади офаридаҳои адибро аз 40 (Давлатшоҳи Са­мар­қандӣ) то 114 (Нуруллоҳи Шуштарӣ) ва 190 (Ризоқулихони Ҳидоят) нишон додаанд. Асарҳое, ки то имрӯз дар заминаи боэътимоди таҳқиқи илмӣ маҳсули эҷоди ӯ дониста шудаанд: «Мантиқу-т-тайр», «Мусибатнома», «Ило­ҳинома», «Асрорнома», «Хусравнома», «Мухторнома», «Ҷа­воҳирнома», «Шарҳу-л-қулуб», «Девони қасоид ва ғаза­лиёт», «Тазкирату-л-авлиё», «Панднома» ва «Футувватномаи манзум». Аз «Ҷавоҳирнома» ва «Шарҳу-л-қулуб»-и ӯ ба ҷуз ном чизе боқӣ намондааст. Мероси адабии Аттор:

«Мантиқу-т-тайр»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маснавии «Мантиқу-т-тайр» дар вазни рамали мусаддаси маҳзуф буда, аз 45 гуфтору як натиҷа фароҳам омадааст. Нусхаи қаламии он аз 4450 то 4800 байт дорад. Аттор ба ин маснавӣ ду ном гузоштааст:

Хатм шуд чун бар ту бар Хуршед нур,
«Мантиқу-т-тайр»-у «Мақомоти туюр».

Асоси маснавиро ғояи ваҳдати вуҷуд ва баёни кайфияти он ташкил медиҳад. Шоир бо забони равону рамзу тамсилот ва амсолу ҳикоёти дилкаш ин маъниро дар зимни ҷамъ сохтани мурғон, интихоби Ҳудҳуд ба сарварию раҳбаладӣ ва барои ба мақсад расидан тай намудани ҳафт водӣ (водии Талаб, водии Ишқ, водии Маърифат, водии Истиғно, водии Тавҳид, водии Ҳайрат ва водии Фақру Фано) бо ишорату киноёт боз намудааст. «Ҳафт водӣ»-и Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ асосан мунтахаби «Мантиқу-т-тайр» аст.

«Мусибатнома»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маснавии «Мусибатнома» низ бар вазни «Мантиқу-т-тайр» буда, аз 40 мақола, 374 ҳикоя, хотима ва 7530 байт иборат аст. А. дар он бо забони ҳол, на бо забони қол шарҳи сулуки ботини соликро бо овардани ҳикоёти бисёре матраҳ месозад.

«Илоҳи­нома»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маснавии «Илоҳи­нома» дар вазни ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф буда, аз 22 мақола, 282 ҳикояти тамсиливу таърихӣ ба риштаи таҳ­рир кашида шудааст ва беш аз 7000 байт аст. Маснавӣ аз мунозираи падаре бо шаш писараш, ки ҳар кадом аз падар чизе ва муроде хостаанд, иборат мебошад. Падар дар ҷавоби фарзандон бо ёрии ҳикоёти ҳакимона беҳуда­гии орзуҳои онҳоро фаҳмонда, ба эшон панд медиҳад, ки даст аз хоҳишҳои нафсонӣ кӯтаҳ дошта, дил ба ҳақиқат ва Ҳақ банданд. Вобаста ба мавзӯи ирфон, ки мағзи маснавист, аз гунҷоиши он талаб, тавба, ишқ, ҳайрат, таваккул, ризо, маърифат, тавҳид, фиқҳу фано ва ғайра берун намондааст. Ҳи­коятҳои Аттор доир ба шаммае аз рӯзгори Фахрии Гургонӣ, Маҳастӣ ва Робиаи Балхӣ дар ин маснавӣ аҳаммияти илмӣ ва адабӣ доранд.

«Асрорнома»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маснавии «Асрорнома» бар вазни «Ило­ҳинома» буда, аз 22 мақола ва 94 ҳико­яти тамсилӣ фароҳам омадааст, дар чопи Содиқи Гавҳа­рин шомили 3305 байт аст. Дар он мақолаву ҳи­коятҳо мус­тақил буда, сужети якқиссаӣ ва аслӣ надорад. Он ҳам­чун як асари панду ҳикмат дар тарбияти одамон ба назар мерасад:

Гиромӣ дор пирони куҳанро,
Ки дар пирӣ бидонӣ ин суханро.
             ***
Агар дониш бувад, кирдор набвад,
Турову донишатро бор набвад.
Сухан чун аз сари дониш барояд,
Аз он дил нури осоиш барояд.

«Хусравнома»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Достони «Хусравнома» бар вазни «Илоҳинома» буда, нусхаҳои гуногунаш аз 6350 то 7838 байт доранд. Он ягона асари Аттор аст, ки сужети мукаммал дошта, дар он симоҳои аслӣ ва фаръӣ амал мекунанд.

«Мухторнома»

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Мухторнома», ки дар он рубоиёти Аттор бо як муқаддимаи мансури мусанниф аз 50 бобу 5000 байт иборат аст. Шоир ин ашъори хешро ба мавзӯъҳо табақабандӣ кардааст, ки дорои афкору мазмунҳои ҷолибанд. Дар маснавиҳои Аттор вобаста ба мазмуну муҳтавои мақолаву бобҳо ҳикояти бисёре омадааст, ки қаҳрамононашон бештар аз табақаи поини ҷамъият — хоркаш, гадо, бекасукӯй, муфлису дармонда, бечораву афтода, фақиру бенаво ва ҳатто девонагон мебошанд. Аттор бо ин адабиётро аз дарбор ба берун кашид ва бар хидмати ҷомеа равона сохт. Ӯ бахусус ба симои зан — модар таваҷҷуҳи хосса дорад ва мавқеи занро дар ҷомеа хеле бузург арзёбӣ мекунад, ки камтар суханварони адабиётамон ба ин поя расидаанд.

«Девон»-и Аттор, ки камобеш 9940 байт дорад. Ӯ худ девонашро сохта будааст, ки мегӯяд:

Зи гуфти ман, ки табъи обу зар дошт,
Фузун аз сад қасоид ҳам зи бар дошт.
Ғазал қурби ҳазору қитъа ҳам низ,
Зи ҳар навъе муфассал бешу кам низ.

Чанде аз ин қасоиду ғазалиёт аз миён рафтаанд. Дар «Девон»-и таҳиякардаи Саид Нафисӣ 27 қасида, 3 тарҷеъбанд, «Футувватномаи манзум» (82 байт) ва 758 ғазал ҷой дорад. Тақии Тафаззулӣ дар таҳияи худ теъдоди ғазалҳои Атторро ба 873 расондааст. Қасоид ва тарҷеъоти ӯ асосан дар мавзӯъҳои ахлоқӣ, панду мавъиза буда, шоир мардумро ба худшиносию худогоҳӣ, адлу инсоф, хоксорию фурӯтанӣ даъват ва дар одамон бадию бадкирдориро мазаммат мекунад. Аттор таъкид менамояд, ки:

Ай дар ғурури нафс ба сар бурда рӯзгор,
Бархез, кор кун, ки кунун аст вақти кор.

Дар қасидасароӣ бештар Саноӣ ва Хоқониро пайравӣ кардааст. Аз 873 ғазали интихобии Тафаззулӣ 23 ғазал бе тахаллус, 114 ғазал бо тахаллуси «Фарид» ва 736 ғазал бо тахаллуси «Аттор» эҷод шудаанд. Ғазалҳои Аттор аз 3 то 24 байтанд. Аз ин маҷмӯъ 175 ғазал бе радиф ва боқӣ бо радифанд. Бештари ғазалҳои Аттор дар вазни кӯтоҳи мусаддас ва андаки онҳо дар вазни мусамман навишта шудаанд. Аттор дар офаридани ғазал сабку тарзи баёни худро дорад, ки минбаъд ҳамчун мактаби адабии адабиёти форс-тоҷик шуҳрат ёфтааст. Ғазалиёти А.-ро аз рӯйи мавзӯъву мун­дариҷа метавон ба содаву маъмулии тасвири олами ҳас­тӣ, ирфону тасаввуф ва қаландария тақсим намуд, ки мағз андар мағзашонро андешаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ, масоили баҳсталаби ирфонӣ, шӯру шаафи ишқи осмонӣ, васфи маъшуқи хаёлии нодиданӣ ва ноёфтанӣ, орзуву висоли Ҳақ, дарки вуҷуди мутлақ, ишқи ёру ҳиҷрони дилдор, ваҳ­дату баҳамоӣ ва ғайра фаро гирифтаанд. Мазмуни ғаза­лиёти Аттор гуногун буда, сиришти онҳо пурҷӯшу хурӯш, пурталотум ва пур аз аҳволу дарёфтҳои ирфонист.

Нимшабе симбарам ниммаст
Наъразанон омаду бар дар нишаст.
Ҳуш бишуд аз дили ман, к-ӯ расид,
Ҷӯш бихост аз ҷигарам, к-ӯ нишаст…

Таносуби баёни ғазалҳои адибро дар ин маврид дар пайвастагӣ бо воқеият ва мутобиқати ҳастӣ бо бофтаҳои хаёл метавон зайлан ифода намуд; ҳаёту зиндагӣ, воқеа, назару диди шоирона, тафаккур, тахайюл, фалсафа ва ни­ҳоят натиҷа:

Дами Исост, ки бо боди саҳар мегузарад
В-оби Хизр аст, ки бар рӯйи Хазар мегузарад.

Қаландариёти Аттор низ дар ғазалиёти ӯ мавқеи алоҳида­ро соҳиб аст. Дар ин навъи ғазал А. бар асоси афкори қаландария андешаҳои шӯрангези исёнкоронаашро алай­ҳи мутаассибин истифода кардааст ва ишқ дар онҳо як ишқи қаландарона аст. Таълимоти қаландарияро тарки русуму одоби ҷорӣ ташкил медод. Тахриби зоҳиру бадномиро бар некӣ тарҷеҳ додан, аз масҷид роҳ сӯи майхонаву калисо гирифтан, ишқи духтари тарсо варзидан ва ғайра мазомини умдаи қаландариёти шоир ва ин ҳама як навъ эътирози устокоронаву пардапӯшона алайҳи золимони мухталифуттабақаи давр буд:

Азми он дорам, ки имшаб ниммаст
Пойкӯбон кӯзаи дурде ба даст
Сар ба бозори қаландар дарниҳам,
Пас ба як соат бибозам, ҳар чӣ ҳаст…

Ин тақсимбандии ғазалҳои Аттор шартист, зеро баъзан як ғазал ҳар се хусусияти болоиро дошта метавонад. Ҷудо кардани марзи ғазалҳои воқеию маъмулӣ ва ирфонии А. душвор буда, қаландариёти ӯ низ ягон-ягон дар дохили ду навъи аввал ба мушоҳида мерасад.

«Тазкирату-л-авлиё»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар байни осори Аттор «Тазкирату-л-авлиё» асари мансур буда, таърих, саргузашт, гуфтору рафтору кирдор ва ақоиди авлиёву суфиёнро дар 988 ҳикоят фаро гирифтааст. Муҳаққиқон соли таълифи онро 1219 шумурдаанд. Ин асар дар заминаи «Табақоти суфия»-и Абдурраҳмони Суламӣ, «Рисолату-л-қурайшия»-и Қурайшӣ, «Кашфу-л-маҳ­ҷуб»-и Ҳуҷвирӣ эҷод гардида, дар навбати худ ба «Нафаҳоту-л-унс…»-и Ҷомӣ таъсири амиқи услубию ғоявӣ расондааст. Дар иншои он ду сифати нек; содагӣ ва ширинӣ зоҳир аст. Ба қавли М. Баҳор «…тақрибан сабки насри салису равони аҳди Сомониёнро дорад». Аттор дар шеър таҳаввул ва инқилобе эҷод кардааст. Ӯ дар ҳақиқат тавонист, ки муҳтавои шеърро нав кунад ва дар ин роҳ соҳибмактаб гардаду суханварони оянда бо эҳтиром вайро устод хонанд. Мавлонои Рум фармудаанд:

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Аттор бо офаридаҳои худ дар такомули афкори адабии форс-тоҷик нақши боризе дорад, ки минбаъд ҳам дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ пазируфтанию короянд.

  • Хусравнома. Душанбе, 1990;
  • Илоҳинома. Душанбе, 2001;
  • Мантиқу-т-тайр. Душанбе, 2007.
  • Бертелс Е. Э. Суфизм и суфийская литература. — М., 1965;
  • Мухаммадходжаев А. Мировоззрение Фаридуддина Аттора. — Душанбе, 1974.