Jump to content

Абулаббоси Лукарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулаббоси Лукарӣ
Таърихи даргузашт 1109 ё 1110
Кишвар

Абулаббоси Лукарӣ (форсӣ: ابوالعباس لوکری‎; дарг. 1109 ё 1110) — ахтаршинос, файласуф ва шоири форс-тоҷик

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Лӯкар (яке аз деҳоти Марви ҳамон давра) ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол намудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ ва илмӣ Абулаббоси Лукарӣ шоири баркамоли давраш ба шумор мерафтааст ва девони ашъор доштааст, вале девони ашъораш то ҳол дастрас нагардидааст. Абулаббоси Лукарӣ донишманди маъруфу донандаи илмҳои ҳикмат (фалсафа), мантиқ, табииёт, риёзиёт, илоҳиёт, ахлоқ буд. Ба шарофати Абулаббоси Лукарӣ илми ҳикмат дар Хуросон ривоҷи бештаре ёфт ва ӯ дар ин бобат шогирдони зиёде дошт, ки яке аз онҳо Қаттони Марвазӣ буд.

Абулаббоси Лукарӣ осори илмиашро ба забонҳои форсӣ ва арабӣ эҷод мекард. Дар илми мантиқ ӯ асаре дорад бо номи «Баёну-л-ҳақ би-з-замон-ис-сидқ» («Баёни ҳақиқат бо замонати ростӣ»). Дар қасидаи «Асрору-л-ҳикмат» (иборат аз 5 қисм) доир ба соҳаҳои илм — мантиқ, табииёт, риёзиёт, илоҳиёт, ахлоқ шарҳ навиштааст. Аз Абулаббоси Лукарӣ чун донандаи илми нуҷум низ ёд мешавад. Ӯ ҳам роҳи Умари Хайём дар таҳияи «Зиҷи Маликшоҳӣ» иштирок кардааст.