Jump to content

Абулбаракаи Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулбаракаи Фироқӣ
Зодгоҳ: Самарқанд
Навъи фаъолият: шоир, донишманд

Абулбаракаи Фироқӣ (форсӣ: ابوالبرکه سمرقندی[1]; ? — 1507) — шоир, нависанда, қозӣ ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Улуми мутадовилаи даврро дар зодгоҳаш омӯхта, дар Шаҳрисабз, Самарқанд, Ҳирот, Табрез қозигӣ кардааст. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ шоири тавоно, дорои истеъдоди баланд будааст. Ба ин ҳунари ӯ писаронаш Хоҷа Айюб ва Баҳоуддин пайравӣ кардаанд. Аз соҳибдевон буданаш манбаъҳои адабӣ иттилоъ додаанд, вале то ҳол девонаш дастраси муҳаққиқон нагардидааст.

Дар тазкираҳову баёзҳо, радоифулашъорҳо ғазалҳои бисёре аз ӯ (асосан дар мавзӯи ишқ) дарҷ шудаанд.

Маҳро ба ҷамоли ту куҷо заҳраи даъвост,
К-он ҷо ҳамагӣ сурату ин ҷо ҳама маъност.
Ман Тури таҷаллӣ чӣ кунам, бар лаби бом ой,
Боми ту маро Туру ҷамоли ту таҷаллост.
  1. ابوالبرکه سمرقندی. rasekhoon.net. 17 апрели 2024 санҷида шуд.
  • Алишери Навоӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Тошкент, 1961.