Jump to content

Абулфараҷ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулфараҷ
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-syc" does not exist.
Таърихи таваллуд: 1226[1][2][2][…]
Зодгоҳ: Малатиё, Туркия
Таърихи даргузашт: 30 июл 1286
Маҳалли даргузашт: Мароға, Устони Озарбойҷони шарқӣ, Эрон
Навъи фаъолият: муаррих, нависанда, илоҳиётшинос, файласуф
Забони осор: забони сурёнӣ[1], арабӣ, форсӣ ва арманӣ

Абулфараҷ (тахаллусаш, номи аслиаш Григорий Юханнан Бар-Эбрая;(тав. соли 1226, Малатиё, Туркия — фавт соли 1286, Мароға, Устони Озарбойҷони шарқӣ, Эрон), нависанда, донишманд, файласуф, пизишки ошурӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар адабиёти араб бо номи Ибн ал-Ибрӣ машҳур аст. Маълумоти ибтидоиро дар оила гирифта, сипас дар Антокия ва Троблус илмҳои тиб ва хитоба (риторика)-ро омӯхтааст. Забонҳои форсӣ, ибрӣ, арманӣ, арабӣ ва ғайраро хуб медонист. Асарҳои бисёре (тақрибан 30-то) оид ба тиб, нуҷум, фалсафа, тасаввуф, хитоба таълиф намудааст. Пайрави ақидаҳои фалсафии Абуалӣ ибни Сино буд.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асари машҳуру ҷолиби Абулфараҷ китоби «Аҷоиб-ул-ҳикоёт» мебошад. Ин китоб аз 20 боб ва 727 ҳикояти пандомӯз иборат аст. Дар боби якум пандҳову андарзҳо, ҳикматҳои файласуфони Юнон оварда шудаанд. Боби дуюм «Ҳикматҳои муфиди хирадмандони Форс» ном дорад, ки дар он аз забони Куруш, Бузургмеҳр, Анӯшервон ва дигарон суханони пандомӯзу андарзҳо фароҳам омадаанд. Дар бобҳои дигар суханони пандомӯз аз забони хирадмандони ҳиндӣ, яҳудӣ, арабӣ ва дигаран пайи ҳам ҷой гирифтаанд. Муаллиф хислатҳои бади инсонӣ – хасисӣ, ҳасад, тарсуӣ, аблаҳӣ, пургӯӣ, нодониро танқиду мазаммат кардааст. Қаҳрамонони манфихислати ӯ намояндагони табақаҳои доро – баъзе ҳокимон мебошанд. Гарчанде Абулфараҷ худ рӯҳонии олирутбаи дини масеҳӣ (усқуф) буд, дар баъзе ҳикоятҳояш рӯҳониёни мутаассибро мазаммат кардааст. Абулфараҷ муаллифи грамматикаи забони ошурӣ – «Китоб-ул-ашиа» (манзум, дорои 618 байт бо фарҳанги тафсирӣ) ва китоби таърихии «Таърихи мухтасар ад-дувал» (иборат аз 3 қисм) мебошад. Баъзе ҳикоятҳо аз «Аҷоиб-ул-ҳикоёт»-и Абулфараҷ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд (маҷ. «Садои Шарқ», 1965, № 1).

  • Смешные рассказы, М., 1992.
  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Swartz A. Open Library (ингл.) — 2007.