Jump to content

Абулҳасани Омирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулҳасани Омирӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: файласуф
Таърихи таваллуд: 913[1] ё тақрибан 912[2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 6 январ 992(0992-01-06)[3][4][5]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Устодон: Абузайди Балхӣ[3][4][8]
Шогирдон: Ибни Ҳинду
Вироиши Викидода

Абулҳасан Муҳаммад ибни Абизар Юсуф Омирии Нишопурӣ (форсӣ: ابوالحسن محمد بن ابی ذر یوسف عامری نیشابوری‎; 913[1] ё тақрибан 912[2], Устони Хуросон[3]6 январ 992[3][4][5], Нишопур[6][7]) — файласуф, мантиқшинос ва мутасаввифи хуросонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш ба таҳсили улуми динӣ пардохта, баъдҳо ба Балх сафар кард ва назди донишманд Абуязиди Балхӣ ба омӯзиши фалсафа пардохт. Баъди марги устодаш ба Бухоро ва аз он ҷо ба Чоч омад ва дар он ҷо назди фақеҳ Абубакри Каффол илми фиқҳ ва каломро омӯхт. Дубора ба Бухоро бозгашт. Асарҳои ӯ «Ал-аълом би маноқиб-ил-ислом», «Ал-амад ва-л-абад», «Ал-тақрир ло ваҷҳи-л-тақдир», «Ас-саодат ва-л-асъод фи сайр-ил-инсония» ном доранд. «Расоил»-и ӯ, ки иборат аз 4 асар мебошад, дар Уммон мунташир шудааст. Абулҳасани Омирӣ ҳамчун файласуфи соҳибназар дар кутубу расоилаш масоили офариниш ва маротиби он, назари дин ба он, ахлоқу сиёсат ва дигар матолиби фалсафию диниро матраҳ намудааст. Абулҳасани Омирӣ таъкид намудааст, ки агар ҳар кас мафҳумҳои луғату наҳву арӯзро ба як риштаи таҳрир кашида, дар ин кор маҳорат пайдо кунад, адиб аст ва ин сухан барои ҳандасию табиатшиносу мантиқшинос низ содиқ хоҳад буд. Вале касе, ки чунин корро анҷом дода, аз он истихроҷи маонии таквинӣ (эҷодӣ), кайҳонӣ ва илоҳӣ кунад, ӯ файласуф ё ҳаким аст.

Ақидаи Абулҳасани Омирӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулҳасани Омирӣ маҳалли имонро қувваи оқилона ва маҳалли куфрро қувваи мутахаййила қаламдод намуда, аввалиро навъи эътиқоди содиқи яқинӣ низ медонад, ки аз вуҷуди ҳамоҳангӣ ва таносуб байни дину фалсафа шаҳодат медиҳад. ӯ ҳамчунин дар осораш дигар матолиби фалсафӣ, аз қабили фарқияти шинохти инсон нисбат ба шинохти умури муҷарраду рӯҳонӣ (фариштагон), илму огоҳӣ дар бораи мавҷудоти олами малакут, маротиби ваҳйро матраҳ намуда, роҳи оштӣ додани фалсафаю динро пеш гирифтааст. Дар ин робита ӯ истилоҳҳои «дини саҳеҳ» ва «ақли сареҳ»-ро истифода намуда, аввалиро дине медонад, ки аз ҳар гуна таҳрифу бидъат орӣ буда, ба таври мустақим аз сарчашмаи ваҳй нишот гирифта бошад. «Ақли сареҳ» дар назари ӯ ҷуз ақли холису холӣ аз шавоибу ибҳом (олудагиву норавшанӣ) чизи дигаре нест. Абулҳасани Омирӣ дар ташаккули афкори мактабу мазҳабҳои динию фалсафӣ нақши муҳим гузоштааст.