Абулҳасан Нодируззамони Ҷаҳонгирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абулҳасан Нодируззамони Ҷаҳонгирӣ
Таърихи таваллуд:

1588/89

Зодгоҳ:

Деҳлӣ

Абулҳасан Нодируззамони Ҷаҳонгирӣ Мулаққаб ба Нодируззамон (тав. 1588/89, Деҳлӣ – ?) — мусаввир ва хаттоти эронӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Писари мусаввир Оқо Ризо, ки аз Эрон ба Ҳиндустон кӯчидааст. ӯ ҳунари хушнависӣ ва мусаввириро аз падараш омӯхта, дар синни 17-солагиаш чун мусаввиру хаттот шӯҳрат ёфтааст. Хати настаълиқро зебо менавишт. Яке аз мусаввирон ва муқаррабони шоҳ Ҷаҳонгир буд. То замони мо теъдоде аз мусаввара ва минётураҳои Абулҳасан боқӣ мондаанд, ки аз маҳорати баланди ӯ шаҳодат медиҳанд. Яке аз аввалин асарҳои Абулҳасан ба маросими тоҷгузории шоҳ Ҷаҳонгир (1614 – 1615 дар Агра кашида шудааст) бахшида шудааст.

Ҳунари хаттотӣ[вироиш]

Дар ин мусаввара симои амалдорони дарбор, тоҷирон, меҳмонони хориҷӣ, ҳунармандон, ходимон бисёр ҷаззоб ва ҳунармандона тасвир шудаанд. Зери ин тасвир чаҳор мисраъ шеър бахшида ба салтанати шоҳ бо хати зебои настаълиқ сабт ёфтааст. Мусаввараи дигари Абулҳасан «Асафхон» (Мирзо Абулҳасан, аз амалдорони калон, падари Мумтоз Маҳал (нигар Тоҷмаҳал) ва падарарӯси Ҷаҳонгир) ном дорад, ки бо назокати тасвир ва хат хеле ҷолиб аст. Минётураҳои «Шоҳ», «Диалектика» (бар ҳаккокии рассоми европоӣ И. Заделер), «Савора ва мири шикор» (ҳар се охири асри 16 – ибтидои асри 17, нусхаи мусаввараи охирин ҳам дар Музейи Британия маҳфуз аст) ва ғайра бо таносуби рангҳо ва зебоию нафосат бозёфти тозае дар санъати минётуранигорӣ мебошанд. Ҳунари Абулҳасан дар офаридани образ ва тасвири манзараҳои табиат (кӯҳҳо, дарёҳо, дашту биёбонҳо, абрҳо, боғу гулистон, дарахтон ва ғайраро) бо равишу сабки хос аз мусаввирони замонаш фарқ мекунад. Дар эҷодиёти Абулҳасан сабку услуби минётуранигории Эрону Ҳинд, инчунин таъсири санъати тасвирии Европа мушоҳида мегардад. Теъдоде аз осори Абулҳасан дар китобхонаҳо ва ганҷинаҳои Санкт-Петербург, Ромпур, Лондон ва ғайра маҳфузанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]