Абумансур Азҳарӣ
Зоҳир
Муҳаммад Абумансур Азҳарӣ | |
Таърихи таваллуд: | 895 |
Зодгоҳ: | Ҳирот |
Таърихи даргузашт: | 980 |
Маҳалли даргузашт: | Ҳирот |
Навъи фаъолият: | Адиб |
Абумансур Азҳарӣ Муҳаммад ибни Нӯҳи Ҳиравӣ (895, Ҳирот – 980) — адиб ва забоншиноси эронинажоди арабзабон. Ба забони арабӣ эҷод кардааст. Аввал дар зодгоҳаш, сипас дар Бағдод таҳсил кардааст. Мувофиқи маълумоти Ёқути Ҳамавӣ («Мӯъҷам-ул-удабо») Азҳарӣ соҳиби 70 асари илмию адабӣ, аз қабили «ал-Адавот» («Асбобу олот»), «ат-Таҳзиб фи-л-луға» («Грамматика»), «Маони шавоҳиди ғариб-ал-ҳадиси» («Маъниҳои калимаҳои номаълум дар ҳадис»), «Тафсир ислоҳ-ал-мантиқ» («Тафсири мантиқ»), «Тафсир шеър Абитаммом» («Шарҳи девони Абутаммом») ва ғайра будааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.