Абумузаффар Абевардӣ
Зоҳир
Абевардӣ Абумузаффар Муҳаммад ибни Аҳмад | |
Таърихи таваллуд: | 1047 |
Зодгоҳ: | Абевард |
Навъи фаъолият: | шоир |
Абумузаффар Абевардӣ (Абумузаффар Муҳаммад ибни Аҳмади Абевардӣ ; 1047, Абевард — 1113 Исфаҳон) — шоири арабизабони форс-тоҷик
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳаш таҳсил карда ба камол расидааст. Бо мақсади таҳсили илм ба баъзе кишварҳои Арабистон сафар кардааст. Дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод муддате вазифаи китобдориро ба уҳда дошт. Дар асари Ёқути Ҳамавӣ «Мӯъҷам-ул-удабо» зимни маълумот оид ба Абевардӣ 13 асари илмии ӯ номбар шудаанд, ки аз онҳо «Таърихи Абевард ва Нисо», «Ал-Ансоб», «Табақот-ул-илм» ҷолибанд. Аз тавсифи ин асарҳо бармеояд, ки Абевардӣ муаррих, мунаққиди шеър, муҳаддиси маъруф будааст.
Осори боқимонда
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Абевардӣ девони ашъор боқӣ мондааст. Девони Абевардӣ шеърҳои ошиқона, шеърҳо дар васфи Наҷд, Ироқ ва ғайраро ба забони форсӣ ва арабӣ дар бар мегирад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.