Абумуслимия
Абумуслимия, (Муслимия) — наҳзати фикрӣ ва иҷтимоӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр. Ин ҳаракат асосан баъди қатли Абумуслими Хуросонӣ бо сабаби хунбаҳои ӯ ба вуҷуд омад. Гурӯҳҳое Кисония ва Разомия эътиқод доштанд, ки Абумуслим намурдааст ва рӯҳаш ба дигаре ҳулул кардааст. Бояд барои зуҳураш интизорӣ кашид ва мегуфтанд: «имомат аз Муҳаммад ибни Ҳанифа ба воситаи Иброҳим Имом ба Абумуслим мунтақил шудааст ва билохира рӯҳи Худо ҳам дар ӯ ҳулул кардааст». Гурӯҳе ҳам дар Марву Ҳирот ба номи Кавкабия дар интизори «бозгашт»-и Абумуслим буданд. Бархе духтари Абумуслимро, ки Фотима ном дошт, ба имомат бардоштанд ва муътақид буданд, ки Бобаки Хуррамдин аз миёни онон бархостааст. Онҳо ҳамчунин мутмаин буданд, ки аз насли Фотима шахсе ба дунё хоҳад омад, ки давлати Аббосиёнро барҳам диҳад. Вале ҳаминаш мусаллам аст, ки қиёмҳои пас аз марги Абумуслим рухдода халифаҳои аббосиро сахт ба ваҳшат андохта буданд ва шӯриши Абумуслим заминаи мусоидеро барои густариши наҳзатҳои озодихоҳии мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр фароҳам оварда буд. Нигар Абумуслими Хуросонӣ, «Абумуслимнома» ва Шӯриши Абумуслим.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арабский аноним XI века, М., 1960;
- Бартолд В. В., Абу Муслим, // Бартолд В. В., Сочинения, т. 7, М., 1967;
- Болшаков О., Абу Муслим. Ислам. Энциклопедический словарь, М., 1991;
- Бойматов Л. Д., Абу Муслими Хуросонӣ, Д., 2006; ҳамон муалл.,
- Саргузашти «амини оли Муҳаммад» ё сарнавишти нобиғаи инқилобии Хуросон, маҷ. «Садои Шарқ», 2007, №1.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.