Jump to content

Абумуслимнома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Абумуслимнома» — яке аз нахустин асарҳои насри омиёнаи форсӣ-тоҷикист. Аз нигоҳи навъи адабӣ (жанр) ин асар достони размию таърихӣ буда, падидаҳову рӯйдодҳои ҳам воқеиву ҳам хаёлиро фаро гирифтааст.

Қаҳрамони марказии достон шахси таърихӣ, пешвои шӯриши зидди Хилофати Умавиён Абумуслими Хуросонист. Дар миёнаи садаи VIII дар сарзаминҳое, ки мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон, маскун буданд, норозигии мардум аз Хилофати араб бар авҷи хеш расид. Намояндагони хонадонҳои Аббосиёну Алавиён аз ин ҳол баҳра ҷуста, алайҳи Умавиён бархостанд. Дар ин нукта ҳадафҳои давлатхоҳии Аббосиёну Алавиён бо ормонҳои озодихоҳонаи мардуми эронинажод мувофиқ омаданд. Аббосиён, ки худ бештар ба нерӯҳои зиддиумавии эрониён такя доштанд, Абумуслими Хуросониро ба пешвоии ин шӯриш бардоштанд. Соли 747 Абумуслим парчами сиёҳи Аббосиёнро барафрошт ва шӯриши озодихоҳиву зиддиумавии мардуми Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эронро сарварӣ кард. Соли 750 Абумуслим нерӯҳои Умавиёнро шикаст дод ва халифа Марвони Ҳиморро кушт. Бо ҳамин хилофат ба дасти Аббосиён гузашт. Пас аз ин пирӯзӣ Аббосиён Абумуслимро амири Хуросон таъйин карданд. Аммо Абумуслим, ки худ марди сарбаланду бошараф буд, бо хулафои Аббосӣ муносибати мағруронае дошт. Аз ин рӯ Аббосиён аз ӯ хавф доштанд. Халифаи дуюми Аббосӣ Абуҷаъфари Мансур дар пайи нобудии Абумуслим афтод. ӯ борҳо Абумуслимро назди худ хонд, аммо Абумуслим гӯш ба сухани ӯ намедод. Саранҷом соли 755 Абумуслим ба пойтахти Мансур омад. Абумансур ӯро дар кӯшки худ бурд ва хоинона бикушт.

Шаклҳои пайдоиши «Абумуслимнома»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамин аст бунёди таърихии достон, ки бо воқеияти таърихӣ умумияти тамом дорад. Дар ҳама нусхаҳои дастнависи достони «Абумуслимнома» офарандаи онро Абутоҳири Тартусӣ (дар баъзе навиштаҳо Тарсусӣ) гуфтаанд. Масоли, дар пешгуфтори яке аз тарҷумаҳои туркии «Абумуслимнома» гуфта шудааст, ки онро бо хоҳиши Султон Маҳмуд (ҳукмронӣ 998 – 1030) Абутоҳири Тартусӣ таълиф кардааст. «Абумуслимнома» нахуст дар шакли даҳонӣ пайдо шуда, сипас чун китоб ба табъ расидааст. Аз ишораҳои таърихномаҳо бармеояд, ки «Абумуслимнома» охири садаи XI дар шакли хаттӣ мавҷуд будааст. «Абумуслимнома» аз оғози пайдоиши худ то солҳои 20 садаи XX машҳуртарин достони омиёна будааст. Дар ин муддати дароз дар сарзаминҳои паҳновари форсиён ин достон ба дигаргуниҳои фаровон дучор шудааст. «Абумуслимнома» падидаи муҳити демократист ва мундариҷаи ғоявии он низ дар савияи афкори ин муҳит аст. Офарандагони достон, ки худ аз миёни омиён берун омадаанд, онро ба завқу ҷаҳонбинии худ мувофиқ кардаанд. Аз ин рӯ, қаҳрамонони он, агарчи бархе аз онҳо шоҳу шоҳзодаанд, рӯҳи омиёна доранд.

Қаҳрамони асосии ин асар Абумуслим аст

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаҳрамони марказии асар Абдурраҳмон, ки кунияташ Абумуслим аст, парвардаи ҳамин муҳит мебошад. ӯ дар деҳаи Мохони Марв ба дунё омада, дар муҳити мардуми заҳматкаш кору зиндагӣ омӯхтааст. Давлатмандон ӯро ҳезумфурӯш ме-гуфтанд ва бо ӯ нописандона муносибат мекарданд. Абдурраҳмон корномаҳои худро бо ёрии дӯстонаш Хурдаки оҳангар, Абутоҳири сайқалгар, Абуалии дуредгар, Абуҷаъфари гилкор, Исҳоқи кундашикан ва кишоварзону пешоварон анҷом медиҳад. Достонсароён сахт кӯшидаанд, ки роҳи қаҳрамони хешро аз ҳезумфурӯшӣ то ба пойгоҳи сипаҳсолориву амирӣ бо рангҳои ҳар чи дурахшонтар тасвир кунанд. «Абумуслимнома» асари пурмоҷаро аст. Мундариҷаи достон саршор аз ҳодисаҳои таърихӣ буда, бо омезаҳои ангорӣ басо паҳновару ғаниву рангинтар ба тасвир расидаанд. Аз мавқеи таърихии набарди Абумуслим бо Умавиён дар достон танҳо ишорае мавҷуд асту басоли Бештар корзору корномаҳои Абумуслиму Аҳмади Замчӣ, Мизробшоҳи Ҷаҳонгири Хоразмиву Маликзод, Турки Таҳмоспу Тарид ва дигарон размиёни сипоҳи Абумуслим, айёриҳои Зулобиву Боди Ялдо, Ҷонфулусу Доғуливу Каҷпо ва дигарон тасвир ёфтаанд, ки аз воқеаҳои хушки таърихӣ рангинтар ба назар мерасанд. Маҳз ҳамин сабаб дар муайян кардани жанри асар душворие пеш меорад. Набардҳои танбатани паҳлавонон асарро ба ҳамосаи размӣ наздик сохтааст. Он моҷарову саргузаштҳои шигифтовар, ки айёрон аз сар мегузаронанд, асарро ба жанри роман (ба истилоҳи имрӯза) монанд мекунанд. «Абумуслимнома» яке аз ҷолибтарин достонҳоест, ки расму ойини мардуми одӣ, муҳити зиндагӣ ва андешаву ангораи зебоишиносии ононро басо дурахшону рангин бозтоб кардааст. Он муҳити озоду демократие, ки достонгӯёну шунавандагони ононро фаро гирифтааст, як омили муҳими ошкоро баён кардани ниҳонтарин розҳо дар достон гардидааст. Ҳамин муҳит барои кор бастани хандаи омиёна дар достон созгорӣ кардааст. Ханда яке аз муҳимтарин воситаҳои корбасти андешаву орзуҳои мардуми ранҷбар дар ҳунарномаҳои онҳо буда, муносибати офарандагони ин достонро ба ҳастӣ ва рӯзгори иҷтимоиву сиёсии замон ифода мекунад. Ин вижагии муҳтавои достон онро аз баландии вижагии жанрии ҳамосаи размӣ ба зер оварда, бо муҳити зиндагии офарандагону шунавандагони он ҳамсоз мекунад ва ҷанбаи романии онро меафзояд. Бархе кирдорҳои зишти қаҳрамонони маҳбуб ақидаи деринаи нодурустеро, ки гӯё «Абумуслимнома» асари динист, аз бех инкор мекунад. Дар достон ғояҳои иҷтимоии давр бо ҳаводиси таърихии рӯзгор дар ҳамбастагӣ тасвир шудаанд. Адолатхоҳӣ, ки мардуми ранҷбар ҳамеша хостори он будаанд, дар маркази тасвири достони «Абумуслимнома» ҷой доранд. Аммо ҳар намояндаи гурӯҳи ҷомеа ин пиндорро аз дидгоҳи суду зиёни худ шарҳ медиҳаду мепазирад. Дар достон, ки офаридаи мардум аст, падидаҳову рӯйдодҳои таърихӣ, иҷтимоиву сиёсӣ бештар аз дидгоҳи онон шарҳ ёфтаанд. Ҷаҳони рангини достонии асар ҷаҳони ормону андешаҳои худи мардум аст. «Абумуслимнома» борҳо ба забонҳои туркӣ тарҷума шуда, дар миёни мардуми туркизабон низ шуҳрати тамом дорад.

  • Салимов Ю., Насри ривоятии форсу тоҷик, Д., 1971;
  • Брагинский И. С., Очерки из истории таджикской литературы, М., 1958;
  • Борщевский Ю. Е., Персидская народная литературасри Плутовка из Багдада, М., 1963;
  • Чиллаев К., Народный роман «Абумуслимнаме», Д., 1985.
  • Абумуслимнома, Д., 1994.