Jump to content

Абунасри Абизайд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абунасри Абизайд
Абунасри Абизайд Аҳмад ибни Муҳаммад
990 ва 996 — 997
Подшоҳ Нӯҳ ибни Мансур

Даргузашт 997(0997)
Ном ҳангоми таваллуд Абунасри Абӯзайд
Хидмати сарбозӣ
Рутба сипоҳдор

Абунаср ибни Абизайд (ар. ابونصر ابن ابی‌زید[1]; ? — 997) — котиб ва вазири дарбори Оли Сомон дар аҳди амир Нӯҳ ибни Мансур.

Давраҳои фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абунасри Абизайд дар даврони ҳукумати амир Нӯҳ ибни Мансур. ду бор вазир таъйин шудааст: бори аввал дар соли 990 пас аз азли Абуалии Домғонӣ, вале ин давраи вазирӣ дер давом накардааст. Сипас пас аз рамазони соли 996 бо мусоидати Носируддин Сабуктегин бори дуюм ба мансаби вазирӣ расидааст. Вазири нав барои ба эътидол ва истиқрор овардани вазъи парешони кишвар кӯшишҳо кардааст. Дар иҷрои ин вазифа таърихнависони давр ӯро барои фазилатҳои хуҷаставу сифатҳои ҳамида, кордонию соҳибтадбириаш тавсиф кардаанд. Аз ҷумла Муншии Кирмонӣ дар китобаш «Насоим-ул-асҳор мин латоим-ул-ахбор» дар ин бора чунин нигоштааст:

«Ва ӯ бо фунуни хисоли ҳамида ва одоби мурзия мутарашшеҳи мансаби вазорат ва дар фазлу ҳунар ва дар сахову ато беҳамолу қарин буд…».

— Муншии Кирмонӣ «Насоим-ул-асҳор мин латоим-ул-ахбор»

Вале, мутаассифона, вазирии Абунасри Абизайд ин дафъа низ дер накашид ва ӯ ба дасти ғуломонаш ба қатл расид. Ду мадҳияи шоири зуллисонайни охирҳои аҳди Сомониён — Абулфатҳи Дӯстӣ дар ҳақи Абунасри Абизайд дар «Таърихи Яминӣ»-и Абунасри Утбӣ сабт ёфтаанд.

  1. پارسی ویکی. ابونصر. (اِخ ) ابن ابی زید. - نسخه چاپی(форсӣ). پارسی ویکی. 22 сентябри 2023 санҷида шуд.