Jump to content

Абусаҳли Саълукӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абусаҳли Саълукӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: фақеҳ, муҳаддис, муфассир, илоҳиётшинос, сӯфӣ, нависанда
Таърихи таваллуд: 1 январ 908(0908-01-01)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 979
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Фарзандон: Абуттайиби Саълуқӣ[d]
Вироиши Викидода

Абусаҳл Муҳаммад ибни Сулаймон Саълукии Нишопурӣ (форсӣ: أبوسهل محمد بن سليمان الصعلوكي النيسابوري‎; 1 январ 908, Исфаҳон979, Нишопур) — фақеҳи шофеъӣ, ровӣ, муфассир, наҳвӣ, забоншинос, шоир, ориф ва «Шайхи Хуросон».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш таҳсил намуда ба камол расидааст. Сипас барои давом додани таҳсил ба Басра рафта, солҳои зиёде он ҷо зиндагӣ кардааст. Ба зодгоҳаш баргашт. Бо даъвати аҳли илму адаби Нишопур ба ин шаҳр кӯчид ва ба тадрис машғул шуд. ӯ чун донишманди соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла фиқҳ, ҳадис, сарфу наҳв, балоғату китобат ва ғайра машҳур гардида буд.

Муаллифони сарчашмаҳои адабиву таърихӣ ӯро бо унвони «Ақза-л-қузоти Хуросон» ёд кардаанд. Асареро бо номи «Шамсу-л-маъолӣ» ба ӯ нисбат додаанд. Аз осори манзумаш то ҳол чизе дастрас нагардидааст.