Абусулаймони Банокатӣ
Зодгоҳ | |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1330 |
Абусулаймони Банокатӣ (форсӣ: ابوسلیمان بناکتی, Абусулаймон Фахруддин Алӣ ибни Абулфазл Довуд ибни Муҳаммад; ? – тақр. 1329) — муаррих ва шоири форс-тоҷик, мулаққаб ба «Фахри Банокатӣ».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш Банокат – шаҳре дар Мовароуннаҳр аст, ки баъдҳо Шоҳрухия ном гирифт. Падараш Тоҷуддин аз уламои дин буда, писараш Фахруддинро ҳамчун марди шоиру донишманд тарбия кардааст. Банокатӣ соли 1301 дар дарбори хони муғул Ғазанхон ба мақоми фахрии Маликушшуаро расидааст. Бағдодӣ девони ашъореро ба ӯ нисбат додааст. Банокатӣ муаллифи асари арзишманди таърихии «Равзату-л-албоб фӣ таворихи-л-акобир ва л-ансоб» ё худ «Таърихи Банокатӣ»-ст, ки таълифашро с. 1317 ба охир расондааст. Ин китоб мазмунан талхиси «Ҷомеъу-т-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ бошад ҳам, ҳадафи тадвини матолиби он фарқ дорад. «Таърихи Банокатӣ» дорои 9 фасл буда, таърихи умумии ҷаҳон, аз офариниши олам то авоили рӯзгори муғулро дар бар мегирад.
Тақр. ниме аз китоб аз таърихи ақвоми ғайримусулмон – яҳудиён, аврупоиҳо, ҳиндуён, чиниҳо ва муғулҳо баҳс мекунад. Огоҳиҳое, ки дар бораи ин қавмҳо ироа медорад, дар заминаи маълумоти манбаъҳои муътамади гузашта нигориш ёфтаанд. Мас., дар «Ҷомеъу-т-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ танҳо ишорае ба таърихи подшоҳони чинӣ ироа шудааст, дар ҳоле ки дар таърихи Банокатӣ 36 табақаи подшоҳони Чин (то ба рӯйи кор омадани Чингиз) шарҳ дода шудааст. Давлатшоҳи Самарқандӣ навиштааст, ки «Таърихи Банокатӣ» дар таборшиносии мардуми Чин, Ҳинд ва яҳуду императории Рум суханони бисёре дар бар дорад ва ҳеч муаррихе монанди вай ин матолибро шарҳ надодааст.
Соли 1677 Мюллер бахши ҳаштуми «Таърихи Банокатӣ»-ро дар Берлин ба унвони нодурусти «Таърихи чиниёни Абдуллоҳи Байзовӣ» чоп кард. Вестон онро ба англисӣ тарҷума карда, дар Лондон ба чоп расонд. Баъдтар Котемер фаҳмид, ки иштибоҳ дар таъкиди номи муаллиф рафтаасту «собит» намуд, ки бахше аз «Таърихи Банокатӣ»-ст. Эдвард Браун муътақид аст, ки дар ҳеч китоби таърихи пеш аз Банокатӣ таълифгардида ин ҳама огоҳию ишора ба сарзаминҳою ҷамъиятҳо ва рӯйдодҳои таърихӣ дида нашудааст. «Таърихи Банокатӣ» ба забонҳои русӣ, англисӣ, лотинӣ, фаронсавӣ, ӯйғурӣ тарҷума ва нашр шудааст. Соли 1969 дар Теҳрон аз чоп баромадааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Доиратулмаорифи бузурги исломӣ. Ҷ. 4. Т., 1381 ҳ. ш.;
- Донишномаи ҷаҳони ислом. Ҷ. 4. Т., 1998; Осорофаринон. Ҷ. 2. Т., 2005.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Банокатӣ / Қ. Расулиён // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.