Абутаммом Ҳабиб
Намуди зоҳирӣ
Абутаммом Ҳабиб | |
|---|---|
| أبو تمام حبيب بن أوس بن الحارث الطائي | |
| |
| Ном ба ҳангоми таваллуд | ар. حبيب بن أوس بن حارث الطائي |
| Таваллуд |
804, 807[1][2] ё 805[3] Димишқ |
| Даргузашт |
29 август 846[4] Мавсил |
| Навъи фаъолият | шоир |
| Забони осор | арабӣ |
Абутаммом Ҳабиб ибни Аус ат-Таи (араб. أبو تمام حبيب بن أوس); 796 деҳаи Ҷосими назди Димишқ – 843, Мавсил) — шоири араб.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз насрониён буд, вале ба дини ислом гаравид ва худро ба қабилаи Тай нисбат медод. Ба кишварҳои гуногуни араб – Шом, Миср, Ироқ сафар кардааст. Муддате дар хидмати дарбори халифа Муътасим буд.
Ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Абутаммом Ҳабиб девони ашъор иборат аз қасидаҳо, марсияҳо, ҳаҷвияҳо боқӣ мондааст. Инчунин Абутаммом Ҳабиб чун гирдоварандаи намунаҳои ашъори шоирони пешазисломӣ ва исломии то замони Аббосиён маъруф аст. Осори гидовардаашро дар 7 тазкира ҷой додааст. Аз он ҷумла «Китоб-ул-ҳамоса» ва «Ихтиёр-уш-шуаро ал-фуҳул» – мунтахаби қасоиди шоирони давраи пешазисломӣ ва исломист, ки то замони мо расидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Абу-Темам (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 48.
- ↑ G. W. T. Abu Tammam (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 1. — P. 81.
- ↑ Абу-Тамман-Тайи (рус.) // Энциклопедический лексикон — СПб.: 1835. — Т. 1. — С. 55.
- ↑ Visuotinė lietuvių enciklopedija Online (лит.)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
