Абуҳафси Суғдӣ
Абуҳафси Суғдӣ | |
Номи пурра |
Абуҳафс Ҳаким ибни Аҳфас |
---|---|
Санаи марг: | |
Навъи фаъолият: |
шоир |
Абуҳафси Суғдӣ (Абуҳафс Ҳаким ибни Аҳфас ; ? – 832) — шоир, луғатнавис ва мусиқишиноси форс-тоҷик.
Мундариҷа
Зиндагинома[вироиш]
Дар «Ал-Мӯъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ, «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят, рисолаи дар илми мусиқӣ нигоштаи Абунасри Форобӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ва ғайра Абуҳафси Суғдӣ чун нахустин шоир дар адабиёти форс-тоҷик, луғатшинос ва мусиқишинос ёд шудааст.
Осори боқимонда[вироиш]
Аз осори бадеиаш то ҳол 2 байт дастрас гардидааст:
- Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
- Чун надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо.
- Бӯсу назарам ҷамол бошад бо ёр,
- Ин фатво (ман) гирифтаам аз гургар.
Асари дар луғат таълифшудаи Абуҳафси Суғдӣ фарҳанги тафсири форсии дарӣ будааст, ки то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Вале дар осори луғатнигорӣ (лексикографӣ)-и баъди асри 10 ба ин асар ишораҳои зиёде мавҷуданд. Дар илм он «Фарҳанги Абуҳафс» ё «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» ном гирифтааст. Абуҳафси Суғдӣ мусиқидон низ будааст. Асбоби мусиқӣ – шоҳруд аз ихтирооти ӯ мебошад.
Адабиёт[вироиш]
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958;
- Афсаҳзод А., Одамушшуаро Рӯдакӣ, Д., 2003;
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007;
- Аҳвол ва ашъори шоирони бедевони қарнҳои 3 – 5 ҳ. қ., Т., 1370 ҳ. ш.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.