Бӯамири Хонанда
Абӯамир | |
Таърихи таваллуд | 848 |
Зодгоҳ | шаҳри Марв Рай |
Таърихи даргузашт | 923 |
Пеша(ҳо) | оврозхон, навозанда |
Абуамир, Буамири Хонанда (848, Рай — 923, Ҳамадон) — мусиқидон, хонанда ва навозандаи форс-тоҷик, аз сарони ҳунарманди мактаби классикии иҷроии Бухоро, шогирди Абулаббоси Бахтиёр.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз пешсафони сабки иҷроии устодонаи «Хуросонӣ» (Хуросоник) буда, эътиқодманд ва тарғибгари суннати иҷроии тоисломии эрониён (тоҷикон), дар санъати овозхонӣ такя ба сабки иҷроии падараш (аз устодони сабки тоисломӣ, Борбадӣ буд) дошт. Нозукиҳои созу овозро аз падараш фаро гирифт ва барои такмили ҳунар ба Бухоро омада, шомили мактаби Абӯлаббоси Бахтиёр (ваф.920) мешавад. Абӯамир гирдоваранда ва иҷрогари беҳтарин таронаҳои мардуми Хуросон маҳсуб шуда ва худаш дар вазну зарби осори мусиқии мардумҳ таронаҳои зиёди гуногунмавзӯъ эҷод менамояд. Дар манобеи ин давра Абӯамир чун Абӯамири чомагӯ ҳам зикр шуда, мусиқидонҳои ин давра (Абӯбакри Рубобӣ, Ҳобону Мударники Ноӣ, Алибеки Танбурӣ ва диг.) аз ӯ дарси иҷроӣ гирифтаанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — соли 16-17 ISBN 978-99947-49-13-3
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раджабов А. К истокам таджикской музыкальной культуры в IХ-Х вв. //Абу Али ибн Сино и его эпоха. — Душанбе, 1980;
- Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён. — Душанбе, 2000;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1. — Душанбе, 1988.