Абубакри Рубобӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абӯбакри Рубобӣ)
Абубакри Рубобӣ
Таърихи таваллуд 982
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1020
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) мусиқидон, навозанда, оҳангсоз

Абубакри Рӯбобӣ (982, Марв1020, Ғазнӣ) — мусиқидон, навозанда, ҳофиз ва охангсози форс-точик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, сипас барои такмили дониш ва ҳунар ба шаҳрҳои Бухорову Самарқанд рафт. Дар мактаби ҳунарии Бухоро асосҳои назариявӣ ва амалии мусиқиро омӯхт. Муддати зиёде дар Ғазна зист ва сарварии ҳунармандони дарбори султон Маҳмуди Ғазнавиро ба уҳда дошт. Дар сарояндагӣ пайрави сабки Абуамир буда, сурудҳои халқӣ (фахлавиёт)-ро хеле устодона мехонд. Мисли Абуамир сабки сарояндагии қадамии мардуми Хуросонро так­мил додааст ва аҳли мусиқӣ ба ӯ номи фахрии «Хуросонгӯ»-ро додаанд.

Дар сознавозӣ низ анъанаҳои қадимии ниёгони худро идома додааст. Аз ин рӯ ӯро бо унвонҳои «Бубакри Рубобӣ» ва «Мутриби Мовароуннаҳрӣ» низ ном мебурданд. Дар ҳунари музҳикӣ (мазҳака) ҳам истеъдоди хоса дошта, дар иҷрои асарҳои мазҳакавии мусиқӣ бештар комёб шуда­аст. Абубакри Рубобӣ шогирдони зиёде тарбия намудааст, ки маъруфтаринашон Ситтии Заррин, Муҳаммади Хушнудӣ, Муҳаммади Қаввод, Андалеб, Абдурраҳмони Хонанда, Бобои Музҳик, Амири Музҳик, Нури Хонанда мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҷабзода А., Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Душанбе, 2000;
  • Раҷабзода А.,Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Душанбе, 2008.