Абӯнасри Хонанда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абӯнасри Хонанда
Абӯнасри Хонанда
Таърихи таваллуд 889
Зодгоҳ ш. Марв
Таърихи даргузашт 961 Бухоро
Пеша(ҳо) сароянда ва мусиқишиноси тоҷик

Абӯнасри Хонанда (Абӯнасри Мутриб) – сароянда, мусиқидони маъруфи замони Сомониён (819-1005),

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

дар санъати шеър ва мусиқӣ ҳофизаи қавӣ ва хоссе дошт. Асосҳои назарии мусиқиро назди устод Абӯлаббоси Бахтиёр (в. 920) омӯхт. Дар иҷрои достонҳои қаҳрамонӣ ва ҳамосӣ истеъдоди беназир дошт ва дар ҳунари иҷроӣ мӯътақиди сабки қадимии мардумони эронӣ («тариқату-л-аҷамия-сабки аҷамӣ») буд. Дар тазмини «Хусравониёт»-и Борбад маҷмӯъи нави «Суруди форсӣ»- ро эҷод менамояд. Дар овозхонӣ аз ифодаҳои мураккаби авҷӣ истифода кардааст ва бад-ин сабаб ӯро устодаш Абӯлаббоси Бахтиёр «Бӯнасри зилхон» ном бурдааст. Аз шогирдони машҳури Абӯнаср Анда-леби Хонанда (в. 1038) аст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Байҳақӣ Абӯлфазл, Таърихи Байҳақӣ. – Теҳрон, 1348;
  • Байхаки, История Масуда. – Москва, 1966;
  • Фарҳанги мусиқии Эрон. – Теҳрон, 1376.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. – соли 19 ISBN 978-99947-49-13-3