Jump to content

Абусаъиди Худрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абӯсаъиди Худрӣ)
Абусаъиди Худрӣ
араб. ар. أبو سعيد الخدري
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис, сарбоз
Таърихи таваллуд: 612
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 693[1]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Падар: Malik Ibn Sinan[d]
Фарзандон: Q106674537?
Ҷанг:
Самти фаъолият: фиқҳ ва илми ҳадис
Вироиши Викидода

Саъд ибни Молик ибни Синон ибни Саълаба ибни Убайд ибни Худра ибни Авф ибни Ҳориси Ансории Хазраҷӣ ( ар. أبو سعيد سعد بن مالك بن سنان الخدريМадина, 10 қ. ҳ./613 м. – ҳамон ҷо, 74 ҳ./693–694 м.) — аз табақаи сиғори саҳоба, мулозими хидмати расули Худо (с) ва аз шахсиятҳои серривоят дар ҳадис. Нисбати вай ба қабилаи банӣ Худра – аз қабоили Мадина аст ва дар дувоздаҳ ғазва бо расули Худо (с) ширкат кардааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падари Абӯсаъиди Худрӣ низ саҳоба ва дар ҷанги Уҳуд ба шаҳодат расид. Паёмбар (с) ӯро аз ҷиҳати хурдии солаш дар ҷанги Уҳуд иҷозати ширкат надод ва аз ғазваи Хандақ ба баъд дар тамоми ғазавот ширкат дошт. Вай натиҷаи мулозаматаш бо паёмбари акрам (с) ҳадиси зиёде ривоят кардааст. Дар Муснади Бақӣ ибни Махлад 1170 ҳадис аз вай ривоят шуда, ки 43 ҳадиси он муштаракан дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим низ ривоят шудаанд.

Абӯсаъиди Худрӣ аз паёмбар (с), Абубакри Сиддиқ, Умар, Усмон, Алӣ, Усайд ибни Ҳузайр, Ҷобир ибни Абдуллоҳ, Зайд ибни Собит, Абдуллоҳ ибни Салом, Абдуллоҳ ибни Аббос, бародари модарияш Қатода ибни Нуъмон, падараш Молик ибни Синон, Муъовия ибни Абусуфён, Қатода ва Абумусо ҳадис ривоят карда, Абдуллоҳ ибни Умар, Ҷобир и бни Абдуллоҳ, Анас ибни Молик, Нофеъ мавлои Ибни Умар, Буср ибни Саъид, Бишр ибни Ҳарб ва мардуми зиёде аз вай ривоят кардаанд.

  • Али-заде А. А. Абу Саид аль-Худри // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)
  • Rad, Hussein Ansari; Gholami, Rahim. Abū Saʿīd al-Khudrī // Encyclopaedia Islamica / Editors-in-Chief: Wilferd Madelung and, Farhad Daftary. — Brill Online.
  • А. Боқизода, Тафсири навини Қуръони карим. Д., 2011; ал-Мавсӯату-л-арабияту-л-оламия   (الموسوعة العربیة العالمیة)[Global Arabic Encyclopedia]. Ривояти электронӣ. – Риёз. 2004;
  • سید غلامرضا تهامی، فرهنگ اعلام تاریخ اسلام. – تهران، 1387 ش.؛
  • .؛ خير الدين الزركلي، الأعلام، – بيروت، 2005؛