Авазбеки Толиқонӣ
Авазбеки Толиқонӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Авазбек |
Тахаллусҳо: | Бадахшӣ |
Таърихи таваллуд: | асри XVII |
Зодгоҳ: | Бадахшон |
Таърихи даргузашт: | нимаи дуюми асри XVII |
Маҳалли даргузашт: | Толиқон |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | достон |
Авазбеки Толиқонӣ, Бадахшӣ (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино ба маълумоте, ки дар китоб «Баҳр-ул-асрор фӣ маноқиб-ул-ахёр»-и Маҳмуд ибни Амирвалӣ (асри XVII) омадааст, Авазбеки Толиқонӣ дар дарбори Нодирмуҳаммадхони Аштархонӣ (ҳукмр. 1643—1665) хидмат карда, унвони Малик-уш-шуаро гирифта буд. Авазбеки Толиқонӣ ба «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ ҷавобия навиштааст. Дар Толиқон волӣ будааст. Дар охири умр аз кори дунявӣ дурӣ ҷуста, гӯшагирӣ ихтиёр кард. Аз роҳи Ироқ ба зиёрати Каъба рафт. Дар бозгашт дар ҳудуди Форс ба ҳуҷуми роҳзанон дучор омад ва ранҷи зиёде кашид. Абёти зерин аз ӯст:
Чароғи дайри вафоям мабин ҳақир маро,
Ки дарди ман зи димоғи фалак дар озор аст.
Ба дидаи маҳак, эй муштарӣ, мабин айбам,
Зари тамомиёр аз маҳак дар озор аст.
Саодат хӯша мебандад, ки шояд донаи гандум,
Барои рӯзии мурғе, ки маҳбуси қафас гардад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Авазбеки Толиқонӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Ҳабибов А., Доираи адабии асри XVII тоҷикон дар Балх, маҷ. «Фарҳанг», 1991, № 8.