Авазҷонӣ
Авазҷонӣ - навъе аз харбузаҳои миёнсолӣ; ба навъҳои амирӣ мансуб аст. Асосан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва маҳалҳои гирду атрофи он мепарваранд. Баъди 80 – 85 рӯзи кишт мепазад. Ҳар палакаш 1 – 2 харбуза мебандад. Авазҷонӣ харбузаи байзашакл (дарозиаш 33 – 40 см, вазнаш 3 – 5 кг) буда, пӯсташ суфтаи рах-рах, тунук, баъзан чин-чин ё тӯрдори зебо аст; рангаш сабзи сафедча. Мағзаш (3,5 – 4,5 см) сафеди сабзтоб, сахти карсосӣ, сероб, ширин, хуштаъм ва хушбӯй; 6 – 8% қанд ва 7,3 – 9,4% моддаҳои хушк дорад. Тухмаш паҳни дарозрӯя, калон-калон, зарди сафедтоб, тухмпаллаҳояш ба мағз часпидаанд. Аз ҳар га андаряк 140 – 160 сентнер, ҳангоми ба заминҳои навкорам кишт кардан, 260 – 290 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. Авазҷониро асосан тар мехӯранд, карҷ-карҷ бурида мехушконанд ва мураббо мепазанд. Авазҷонӣ барои ба ҷойҳои дур кашондан ва нигоҳ доштан мувофиқ аст. Бештар аз касалии пажмурдашавии фузариозӣ ва гарда зарар мебинад.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулмамадов М. Зироатҳои полизии Тоҷикистон, Д., 1985.
- Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС)|| 2012 || ЭМТ. Ҷилди I Бойгонӣ шудааст 27 марти 2017 сол.
- Справочник бахчевода. — Душанбе, 1987.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҷилди 1)