Авесаломов Иван Сергеевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Авесаломов Иван Сергеевич
Авесаломов Иван Сергеевич
Санаи таваллуд:

1 феврал 1907

Зодгоҳ:

Великий Устюг, Русия СССР

Санаи марг:

30 апрел 1986(1986-04-30)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

паразитология

Дараҷаи илмӣ:

доктори илм

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Ҷоизаҳо:

Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I

Авесаломов Иван Сергеевич (1 феврали 1907, шаҳри Великий Устюги Федератсияи Русия30 апрели 1986, Душанбе) — ветеринар-паразитолог, доктори илмҳои ветеринария, профессор (1952).

Зиндагинома[вироиш]

Авесаломов Иван Сергеевич (1 феврали соли 1907 дар шаҳри Великий Устюги Федератсияи Россия ба дунё омадааст). Баъди хатми Институти ветеринарии шаҳри Омск (1931) дар Бурятская (ноҳияи Алар, Иркутск) кор кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945). Баъди ҷанг дар Сибиряк (ноҳияи Усолск, Иркутск), Қазоқистон ва Ленинград ба фаъолияти илмӣ пардохт. Соли 1960 ба Тоҷикистон омад. Мудири шӯъбаи паразитологияи Институти тадқиқоти илмии чорводорӣ ва ветеринарияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, (1960 – 1962), мудири кафедраҳои анатомия ва физиология (1962 – 1965), микробиология, эпизоотология ва паразитологияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1966 – 1986) буд. Авесаломов раиси Шӯъбаи тоҷикистонии Ҷамъияти умумииттифоқии протозоологҳо ва Шӯъбаи тоҷикистонии Ҷамъияти умумииттифоқии микробиологҳо буд.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Муаллифи беш аз 150 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография. Тадқиқоти ӯ ба омӯзишу муолиҷаи трипаносомози асп, роҳҳои муолиҷаи касалии ҳайвонот ва манбаъҳои табиии онҳо оиданд.

Осор[вироиш]

  • Касалиҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва ваҳшии Тоҷикистон. — Д., 1973;
  • Касалиҳои гӯсфанд. — Д., 1977;
  • Болезни крупного рогатого скота и меры борьбы с ними. Учебное пособие. — Д., 1978;
  • Болезни лошадей и меры борьбы с ними. Учебное пособие. — Д., 1984.

Мукофот[вироиш]

Бо ордени Ҷанги Ватанӣ, дараҷа I, медалҳо, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Грамотаи Фахрии ВАСХНИЛ мукофотонида шудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]