Автовокзал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Автовокзали Душанбе (ҳозира Азия Экспресс Терминал)

Автовокза́л (аз русӣ: автобусный вокзал — вокзали автобусҳо) — маҷмӯи иншоот барои хидматрасонии мусофирон ба воситаи автобусҳои байнишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ. Дар шаҳрҳои калон автовокзалро дар мавзеи охирини хатсайри нақлиёт месозанд.

Автовокзал дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Автовокзали марказии шаҳри Душанбе соли 1978 бунёд гардидааст. Он дар Осиёи Миёна аз нигоҳи сохтмон нодир ва калонтарин иншоот ҳисоб ёфта, аз ин ҷо ба аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рафтуомади нақлиёт сурат мегирифт. Соли 2007 бинобар хусусигардонии Терминали мусофиркашии шаҳри Душанбе Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Автовокзали Душанбе» таъсис ёфт. Он (2010) дорои 24 хатсайр буда, дар як шабонарӯз ба 10 ҳазор мусофир хидмат мерасонад. Автовокзал бинои маъмурӣ, шуъбаҳои хидматрасонӣ, толори мусофирон барои 1200 кас, толори истироҳати ронандагон барои 180 кас, шуъбаи алоқа, нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, нигоҳдошти борҳои дастӣ, ҷойи дастурӯшӯӣ, ҳуҷраи модару кӯдак, қаҳвахона, ошхона ва нуқтаҳои хидмати маишӣ дорад. Дар автовокзал 32 нафар коргар, 65 нафар ронандаи нақлиёти мусофиркаш ва 56 нафар соҳибкор фаъолият доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]