Авҷи турк
Авҷи турк — яке аз авҷҳои мураккаб дар анъанаи иҷроии «Шашмақом» аст.
Мавҷудияти намуд ва шаклҳои гуногуни авҷ дар мусиқии классикии тоҷик, аз ҷумла дар асарҳои «Зебопарӣ», «Турк», «Муҳайяр», «Ушшоқ» ва ғайра устодони мусиқии тоҷик, аз Авҷи турк мавриди истифода намудаанд. Ҳар анвоъи авҷ сохтору шакли хосро доро буда, дар таркиби сурудҳои гуногун бо тағйирот (баъзан басо куллӣ), аммо бо нигаҳдошти хусусиёти расмии сохторӣ ба иҷро мерасонад. В.А. Успенский бинобар ба тавсифи ҳофизи номвар Домулло (Ҳалим Ибодов 1878-1940) Авҷи туркро сарояндаи машҳури Бухоро Наврӯзалӣ дар асри ХVII ихтироъ кард ва бо номи «Авҷи Наврӯзалӣ» дар ҳавзаи ҳунарии Бухоро (Каттакурғон, Хатирчӣ, Зербулоқ, Fиждувон, Вобканд), Шаҳрисабз шоеъ будааст.
Дар силсилаи «Шашмақом» дар қисми таронавии мақомҳои «Бузург», «Наво», «Сегоҳ» пас аз намудҳои «Ушшоқ», «Сегоҳ», «Насруллоҳӣ» ва «Дунаср» истифода ме-шавад. Ин авҷ аз лиҳози тарзу усули мусиқӣ ба қисми оғозии «Савти Наво» шабоҳат дорад. В.А.Успенский ҳафт намуди «Авҷи турк»-ро аз сурудҳои гуногун ё мақомҳо оварда, хусусиятҳои дигаргун шудани мизони зарбии онҳоро нишон дода (2/4, 3/4, 5/8,4/8 ва ғайра), нигаҳ доштани асли хусусиёти оҳангии онҳоро собит кардааст. Баъзе аз сурудҳои Бухоро, масалан суруди «Бозургонӣ», дар таркибашон саршор аз чанд авҷ аст. Ҳар авҷ аз лиҳози шакл сохтори мушаххасро доро буда, ин авҷҳо дар ҳар суруд бо баъзе дигаргуниҳо мавриди истифода мешаванд. Авҷи туркро ромишгари номии тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз (Расулов) дар эҷодиёти худ, махсусан дар «Гулузорам», устодона истифода кардааст. Мавҷуд будани ин намуд авҷҳо дар сурудҳои мардумии Бухоро, аз як тараф, аз касбӣ шудани ин жанр ва аз тарафи дигар, аз наздик шудани онҳо ба анъанаҳои олишони иҷроии «Шашмақом» шаҳодат медиҳад. Авҷ на танҳо овозҳову сохтори сурудҳои касбии мардумиро фарох месозад, инчунин таркиботи шакли онро ривоҷ медиҳад, зимни ин дар паёпаи зухур ва такомули оҳанг кумак мерасонад.
Сурудҳои анъанавӣ аз ҷиҳати сохтор аз қисмҳои даромад, авҷи миёна, авҷ, фуровард ва хотима иборатанд. Авҷи миёна ва авҷи калон дар сурудҳои анъанавӣ иртиботи қавӣ бо хусусиёти истифодаи қаторовозҳои миёна ва баланд дорад. Авҷи миёна, алахусус авҷи калон ба қисми мобайнии суруд рост меояд. Дар сурудҳои анъанавӣ авҷ метавонад ду-се бор такрор шавад. Мусиқишинос Н.Миронов навишта: "ман гумон мекунам, ки мақомҳо намуди аслии худро дар Бухоро хифз намудаанд". Дар иртибот ба анъанаҳои санъати иҷроии мусиқии классикӣ, ки аз давраҳои куҳан маҳфузанд, шаҳодат медиҳанд. Тақсимоти оҳанг ба «авҷ»-у «акс» бо пардаи даҳуми танбӯр алоқаманд аст. Паёпай ба самти боло рафтани оҳангро аз пардаи даҳум агар авҷ номида шавад, аз ҳамин парда пай дар пай ба поён фаромадани оҳангро «акс» меноманд, ки он чун «авҷ» қисми мустақил аст. Дар сурудҳои анъанавӣ, аз қабили «Шаҳнози Гулёри Бухоро» нуқтаи фарох ва олии оҳанг, яъне ривоҷу равнақёфтаи оҳанг ба ҳудуди авҷу акс рост меояд. Санъати иҷрои авҷ дар маданияти мусиқии тоҷик, алалхусус санъати сарояндагии касбӣ дар «Шашмақом» мавқеи хосаро касб намудааст. Ҷоизи қайд аст, ки дар сурудҳои касбии тоҷик авҷ яке аз рукнҳои асосии он аст. Авҷ сараввал дар дараҷоти поини овозӣ, яъне даромад садо медиҳад ва баъд бо ҷаҳиш ба ҳудуди кварта ва ё квинта ба дараҷаи миёнаи овозӣ мерасад (авҷи миёна). Пас навбати авҷи калон меояд, ки он аз садои нисбат ба садои дар даромад истифода шуда, як октава боло оғоз мегардад.
Авҷ на танҳо ривоҷи оҳанг дар сатҳи баланди овозҳост, баробари ин равнақи пурнабзии эҳсосотии он аст. Маҳз дар авҷ мазмун ва мундариҷаи суруд ба нуқтаи олии ифодаи хусусияти муассирияти суруд маҳсуб шуда ва он тавассути мадкашӣ дар ягон ҳиҷои матн ба миён меояд. Яъне, аз лиҳози таъсир авҷи сурудҳо нуқтаи олии он мегарданд ва ба шунаванда эҳсосоту ҳаяҷони хоса мебахшанд. Пас аз авҷ суруд оҳиста-оҳиста ба маҷрои аввала бармегардад. Дар сабки сарояндагон ғайр аз интонатсияҳои аз ҷиҳати баландии овоз муайян чун усули ифода интонатсияҳои «лағжиши овоз» ва «глиссандо» истифода мешавад. Дар санъати овозхонии «Шашмақом» ин усул барои пурра намудани байни ду овози сатҳии баландиашон муайян истифода бурда мешавад. Маҷмӯи сурудҳои ҳаҷман бисёр калону равони «Шашмақом», ки суръати вазнин ва ботам-кини иҷроишро дорад, аз сароянда «нафаси фарох»-ро талаб менамояд. Шаклу мундариҷаи суруду таронаҳои «Шашмақом» ба ифодаи ҳолатҳои гуногуни дунёи ботинӣ, ҳиссиёту кайфияти одам кумак мерасонад. Ҳофизон ҳангоми ҷашну маросимҳо байни худ дар санъати авҷсароӣ мусобиқа менамуданд. Чор сароянда бо дойранавоз бо навбат қисмҳои мақомҳоро иҷро мекарданд. Масалан, «Ироқ»-ро бо як оҳанг, аммо бо матнҳои гуногун иҷро ме-намуданд. Ҳар яке аз ҳофизон кӯшиш мекард, ки маҳорати сарояндагӣ, қувва ва нозукиҳои овози худро ба аҳли нишаст нишон диҳад. Агар ҳофиз пас аз иҷрои «авҷ» хаста гардад, сарояндаи ди-гар «фуровард»-и асарро то интиҳои он иҷро ме-намуд. Лекин дар чунин ҳолат сароянда мусоби-қаро бохта ҳисобида мешуд. Сарояндагони касбӣ ҳангоми ҳунарнамоӣ ҳаракат менамоянд, ки як ва ё бештар авҷро истифода баранд, ки на танҳо аз маҳорати сароян-да, балки аз хусусияти фарохии овоз ва нафаси дароз, қувват ва шаҳомати он шаҳодат медиҳад. Аз тарафи дигар, мавҷудияти авҷҳо дар сурудҳои суннатӣ як намуди имтиҳони сароянда буда, иҷрои он аз малакаи овозхонӣ ва ба вусъати овози сароянда вобаста аст. Ҳанӯз В.А.Успенский қайд карда буд, ки зуҳур ва парастиши авҷсароӣ, як намуди мактаби олӣ ва комили такмили маҳорати баланди овозхонӣ дар Бухоро шояд аз таваҷҷуҳи махсусу маҳз ба авҷҳо (раванди махсуси инкишофи ифоданокию барҷастагии овозхонии шарқӣ) ба миён омадааст, ки заминаҳои инкишофи на танҳо фа-рохӣ ва ҳаҷми овози сарояндагон, балки нафаси дарози онҳоро низ фароҳам овард. В.А.Успенский собит намудааст, ки ҳаҷми овози басе фароху имконоти беинтиҳои овози ҳофизи машҳури тоҷик Домуло Ҳалим, инчунин нафаси нотакрори сароянда, ки бо як нафас дар муддати то биступанҷ сония ҷумлаи калони муиқиро иҷро менамуд, маҳз ба шарофати машқи мутассил дар иҷрои авҷ дастёб шудааст. Хусусиёти оҳангии авҷҳо дар таркиби «Талқинчаи Ушшоқ», ки тавассути Е. Романовская аз устод Домулло Ҳалим сабт гардидааст, ташреҳ мегардад. Дар ривоҷи оҳангии авҷ тетрахорд ва пентахорд асоси лаҳнӣ-оҳангии онро ташкил медиҳад. Он қисмати асарро, ки қаторовозаи миёнаро дорост дар миёнхат ва ё миёнпарда иҷро мегардад, «авҷи миёна» меноманд ва он қисмати асарро, ки қаторовозаи баланд садо медиҳад, «авҷи калон» меноманд. Аз сабаби калон будани ҳаҷми асар Е. Романовская фақат авҷи миёна ва авҷи калонро овардааст: Пайдост мизони 19-уми оҳанг дар ҳудуди як тетрахорд: фа диез, сол, ля, си октаваи якум ва пас дар ҳудуди тетрахорди нав: до диез, ре, ми, фа диез октаваи дуввум сурат мегирад. Асоси ташаккули лаҳниро фосилаҳои кварта ва квинта ташкил менамоянд. Авҷи калон дар асоси тетрахорди ми, фа диез, сол ва ля октаваи дуввум ривоҷ меёбад. Ҳамаи фосилаҳои садоии ин тетрахордҳо дар якҷоягӣ занҷири садоиро ташкил менамоянд, ки дар ҳудуди авҷҳои миёна ва калон аз лиҳози лаҳнӣ-оҳангӣ ташаккул ёфтаанд. Шуъбаи Наврӯзи Сабо «асосан бо намуди «Сегоҳ», «Наво» ва «Ораз» иҷро мегардад. Фақат сароянда «Домулло» Ҳалим» онро бо наму-ди пурраи «Сегоҳ» иҷро менамуд. Ин тарзи комили иҷрои намудҳои мақом на танҳо иртиботи қавӣ бо маҳорати сароянда дошт, балки зери таъсиру барҷоияти анъанаҳои дар тӯли садсолаҳо рӯи кор омадааст. Таваҷҷуҳи сароянда Левҳ Бобохонов, ки низ намояндаи мактаби Бухоро аст, ба иҷрои авҷҳои калон басо муассир аст. Ҳоҷӣ Абдулазиз сурудҳои мураккаби классикиро ба овози худ мувофиқ намуда, бо маҳорати калон иҷро менамуд. Суруди «Гуъузорам» бо «Авҷи турк», «Бозургонӣ»-ро бо «Авҷи Зебопарӣ», «Бебокча» ва «Ушшоқ»-ро бо «Авҷи Уззол», «Абдурраҳмонбегӣ»-ро бо «Авҷи Наво» дохил намуда, сароидааст. Дар асоси асари «Ушшоқ» («Шашмақом») ӯ асарҳои «Ушшоқи Ҳоҷӣ» ва «Ушшоқи Самарқанд»-ро таълиф на-муда, сурудҳои «Боғи гулҳо»,»Ушшоқ»( бо таро-на, қашқарча ва уфараш), «Рости Панҷгоҳ», усу-лҳои мақоми «Ироқ» ва «Наво», «Абдурраҳмон-бегӣ I»( бо уфараш) «Насруллоҳӣ», «Ироқ» (бо қашқарча ва уфараш), «Гулёр», «Орази Гулёр», «Уфар», «Арзамро гӯям», «Қурбон шавам» ва ғ. Аз а.т. васеъ истифода шудаанд.
Содирхон Ҳофиз (овози хушоҳанги қалбӣ, фароху доманадор ва нафаси дароз буд), дар иҷрои авҷҳои калони мураккаб, чун Авҷи Зебопарӣ, «Муҳайяр», «Авҷи турк» ва ғ. Аз Авҷи Зебопарӣ хуб истифода кардааст. Сарояндагон аз имконияти овозиашон истифода бурда, кӯшидаанд, асари иҷронамударо ба сабки худ мувофиқ намоянд. Қувват ва ҳаҷми овози сароянда, маҳорату малакаи ӯ ҳангоми иҷро ба асар аз лиҳози ҳаҷми он баъзе тағйирот ворид менамуд. Яъне хусусиятҳои рангорангӣ ва қувва, ҳудуд ва имконоти овоз ва маҳорати иҷрокунанда ба асари мусиқӣ ва оҳанги он бетаъсир набуд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ражабов И. Макомлар масаласига доир. – Тошканд, 1963;
- Хакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ. – Хуҷанд, 2006.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 22-25 ISBN 978-99947-49-13-3