Авҷи Зебопарӣ
Авҷи Зебопарӣ – Аз авҷҳои маъмул дар анъанаи иҷроҳ буда, сарояндагон аз анвои Авҷи Зебопарии калон, алалхусус дар ҳавзаи Бухоро (Самарқанд, Хоразм) ва Хуҷанду Хӯқанд (водии Фарғона - Исфара, Конибодом, Истаравшан) истифода менамуданд. Авҷи Зебопарӣ бо сабки ҳофиз ва оҳангсози машҳури тоҷик Зебопарӣ дар иртибот аст. Ин авҷ дар анъанаи иҷроҳ бо номи «Авҷи Зебопарӣ», «Зебопарда» (пардаи иловагии танбӯр) шоеъ аст. Авҷи Зебопарӣ дар анъанаи иҷроии «Шашмақом» оҳанги нисбатан мустақил буда, аз сароянда маҳорат ва истеъдоди баландро талаб менамояд. Офаридаҳои Зебопарӣ дар «Ироқи Бухоро» (мақоми «Бузург») «Савти калон», «Савти Сабо» («Рост»), «Нимчӯпонӣ» («Сегоҳ»), «Сарахбори Ироқ», «Чанбар» («Ироқ»), инчунин дар асарҳои мусиқии касбӣ, чун «Ушшоқи Хӯқанд», «Бозургонӣ» (Ҳоҷа Абдулазиз) ва таснифоти дигар мавриди истифода аст. Масалан, сарояндаҳои Бухоро ҳангоми сурудани Ушшоқи Хӯқанд онро бо намудҳои Сегоҳ, Ушшоқ ва Муҳайяри Чоргоҳ, сарояндагони Хуҷанд, Исфараву Конибодом, Истаравшан, яъне водии Фарғона ин асари мусиқиро бо намудҳои Сегоҳ ва Зебопарӣ иҷро менамуданд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 22 ISBN 978-99947-49-13-3