Авҷ (дар мусиқӣ)
Авҷ - дар анъанаи мусиқии тоҷик нуқтаи олии инкишофи иҷроии мусиқист. Авҷ маҳсули мутассили маҳорати иҷроии асари мусиқист.
Авҷ дар маданияти мусиқии тоҷик мавқеи хоса касб намуда, мавриди пазириши устодони мусиқӣ дар анъанаи иҷроист. Авҷ дар мусиқии классикии тоҷик чун меъёри хосу тазйинии иҷроӣ қабул шудааст. Агар аз нигоҳи ҳофиз Авҷ як навъ санҷиши маҳорату малака ва истеъдоди сарояндагӣ бошад, аз нигоҳи шунаванда Авҷ «мағзи» асари мусиқӣ, лаҳзаи гуворотаринест, ки шунавандаро ба олами зебоиманишии гуворо, эҳсоси тоза расонида, ӯро ба кашфиёти нави маънавӣ водор месозад. Маҳз аз ин рӯ, шунавандаи мусиқифаҳм аз оғози асар мунтазири расидан ба нуқтаи олии он – Авҷ мешавад. Оҳангсозони анъанавӣ ин навъи шаклгирии асарҳои мусиқӣ, вижагиҳои интизории нуқтаи олии инкишофи асарҳоро аз тарафи шунаванда-гон ба инобат гирифта, бошуурона ҳамин намуд асарҳоро офаридаанд. Зина ба зина, пай дар пай иртифоъи оҳанг аз як тараф тафаккуру ҳиссиёти шунавандаро ба дарку маърифати асар тайёр намояд, аз тарафи дигар ин нуқтаи олии асар ба «нуқтаи таносуби тилоӣ» рост меояд, ки аз заминаи илмӣ доштани ин тарзи шаклбандии иҷрои асарҳои суннатӣ далолат медиҳад. Авҷ дар санъати овозхонии анъанавии тоҷик чун навъи хоси тазйин мавқеи муҳим касб карда-аст. Авҷ зимни ин чун порчаи нисбатан мустақили шаклан муайян, нуқтаи олӣ ва ё баландтарини суруд ва ё оҳанг буда, таърихи қадим дорад. Дар Бухоро - маркази фарҳанг ва анъанаҳои мусиқии классикии тоҷик сарояндагони касбӣ таҷриба ва маҳорати Авҷсароиро аз насл ба насл идома ва ривоҷу равнақ дода, як мактаби хоси «Авҷсароӣ»-ро рӯи саҳна овардаанд. Таваҷҷуҳи хоси аҳли санъати овозхонӣ ба Авҷсароӣ на танҳо дар таълими намудҳои куҳани он, балки дар рушду равнақи эҷодии намудҳои нави он асос меёбад. Чунин муҳит ба сарояндагон шароит фароҳам меовард, ки онҳо баҳри нишон додани имконияту хусусиятҳои овоз ва маҳорати баланди худ ҳар гуна мусобиқоти ҳунарӣ ташкил намоянд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 21-22 ISBN 978-99947-49-13-3