Jump to content

Аденомаи ғадуди простата

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аденомаи ғадуди простата — афзоиши омосмонанди бехавфи ғадуди простата (ғадуди зермасона).

Фақат мардони аз 50-сола боло ба аденомаи ғудуди прастата гирифтор мешаванд. Аденомаи ғудуди прастата суст инкишоф меёбад. Аломати аввалини калон шудани ғадуди простата шабона зуд-зуд пешоб кардан аст. Бо мурури вақт аломатҳои аденомаи ғудуди прастата авҷ мегиранд ва шоша фақат дар натиҷаи сахт зӯр задан қатра-қатра ихроҷ мешавад. Дар мавриди тӯлонӣ гардидани аденомаи ғудуди прастата шоша беихтиёр ва оҳиста-оҳиста мерезад, аммо бемор ҳис намекунад, ки шошадонаш холӣ шудааст. Бинобар ихтилоли пешобронӣ дар бофтаҳои гурда тағйироти зиёд (васеъшавии ҳавзакҳои гурда, газак ва ғайра) рӯй дода, боиси пайдо шудани санг мегардад. Аденомаи ғудуди прастата дар аввал ҳарчанд безарар бошад ҳам, минбаъд мумкин аст ба омоси саратонӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, баробари зоҳир шудани аломатҳои аввалини он ҳатман ба духтур муроҷиат карда, тавсияҳои ӯро пурра иҷро намудан зарур аст (риояи қоидаҳои беҳдошт, парҳез ва ғайра). Организм ва хусусан пойҳоро бояд аз хунукӣ эҳтиёт кард. Кори меъдаю рӯдаро ба низом дароварда, мунтазам бо варзиши пагоҳӣ машғул шудан лозим (ҳар рӯз 1 – 1,5 соат пеш аз кор ва баъди он). Пиёда гаштан ҳам манфиати калон дорад. Дар сурати пайдо шудани аломатҳои аввалини аденомаи ғудуди прастата бемор бояд ба духтури уролог муроҷиат намояд. Истеъмоли хӯрокиҳои тезу тунд, қаламфур, хардал, консерваҳо, хӯроквории дудхӯрда ва шароб манъ аст. Маҳсулоти ширӣ (ғайр аз шир, ки боиси дамиши шикам мегардад) ва сабзавот нафъ дорад. Таомҳои гӯштинро бояд дар нимаи якуми рӯз хӯрд.

Муолиҷаи аденомаи ғудуди прастата гуногун аст. Пештар онро фақат бо роҳи ҷарроҳӣ табобат менамуданд. Солҳои охир усулҳои бо дору муолиҷа кардани он дарёфт шудаанд. Доруҳоро муддати тӯлонӣ истеъмол намудан лозим меояд (масалан, проскар, финастерид, простерид, празозин, тамсулозин, омник ва ғайра). Вале бе тавсияи духтур онҳоро кор фармудан ҷоиз нест. Аденомаи ғудуди прастатаро ба воситаи асбобҳои махсуси оптикӣ, нурборонкунии лазерӣ, энергияи электр (ТУР), сармо (криодеструктсия) ва гармо (термоаблатсия, термотерапия) низ табобат мекунанд. Дар Тоҷикистон асосан аз усули ҷарроҳӣ истифода мешавад. Натиҷаи муолиҷа, одатан, хуб аст. Ҳангоми куҳна шудани беморӣ ду маротиба ҷарроҳӣ мекунанд: аввал ба масона носур гузошта, баъди чанд моҳ аденомаро гирифта мепартоянд. Беморе, ки ба масонааш носур гузоштаанд, ба нигоҳубини беҳдоштӣ мӯҳтоҷ аст. Рӯзе ду маротиба бо оби гарм лӯлаи резинии тахлия (дренаж)-ро шустан лозим. Пешобгиракро низ бо оби гарм хуб мешӯянд ва бо маҳлули 0,1%-и перманганати калий (маргансоф) пур мекунанд. Ҳангоми дар зери ноф ҳис кардани дард, пешобронии дарднок ва тар шудани бандина бетаъхир ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.

  • Лопаткин Н. А., Доброкачественная гиперплазия предстательной железы, М., 1997;
  • Қодирӣ Т. Р., Мунтахаби дарсҳои пешобшиносӣ, Д., 2000;
  • Тиктинский О. Л., Калинина С. Н., Заболевания предстательной железы, С.-Пб., 2006.

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.