Адолат Комилова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Адолат Комилова
Таърихи таваллуд 16 апрел 1953(1953-04-16) (71 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Вахш, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2000)

Адолат Комилова (зод. 16 апрели 1953, ноҳияи Вахш) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2000).

ЗИндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти давлатии педагогии ш. Кӯлобро соли 1992 хатм кардааст. Солҳои 1972—1976 сарояндаи Театри халқии н. Ҳамадонӣ, 1976—1996 сароядаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб, аз соли 1996 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Қурғонтеппа фаъолият мена¬мояд. Дар ҳавои оҳангҳои классикӣ «Марги нигоҳ», «Нигоҳ дорӣ имо-намро», «Ҳикоят мекунад» барин сурудҳо хонда, истеъдоди баландашро дар ин навъи мусиқӣ нишон додааст. Аз осори шуарои муосир ва мероси халқӣ «Садои қалб», «Тоҷикистон», «Сабзинранг», «Ишқи ту доди Худо», «Намебахшам» ва даҳҳо таронаҳои ҳамсонро иҷро намуда, бо забону баёни хуш бар дилу ҷоиҳо менишинад. Ба Афғонистон, Покис¬тон, Туркия, Лаос, Русия, Лаҳистон, Олмон, Фаронса ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.