Адолф Байер
Адолф Байер | |
---|---|
олмонӣ: Johann Friedrich Wilhelm Adolf von Baeyer | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 31 октябр 1835[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 20 август 1917[1][2][3][…] (81 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | типт[d] |
Ҷойҳои кор: | |
Алма-матер: | |
Роҳбари илмӣ: | Jenna poro[d] ва August Kekulé[d] |
Шогирдони маъруф: | Heinrich Otto Wieland[d] |
Ҷоизаҳо: | |
![]() |
Иоҳанн Фридрих Вилҳельм Адолф фон Байер (олмонӣ: Johann Friedrich Wilhelm Adolf von Baeyer; 31 октябри 1835, Берлин — 20 августи 1917, Мюнхен) — кимиёшиноси олмонӣ, Узви АИ Берлин ва Ҷамъияти кимиёшиносони Олмон. Барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё соли 1905.
Зиндагинома[вироиш]
Баъди хатми гимназия (1853) дар Донишгоҳи Берлин ду сол физика ва математика, сипас дар Донишгоҳи Гейделберг илми кимиё омӯхтааст.Дар бораи пайвастҳои органикии маргимуш таҳқиқот анҷом дода, унвони докториро соҳиб шудааст. Солҳои 1858–1860 дар Донишгоҳи Генти Белгия фаъолияташро давом медиҳад. Баъдан ба Олмон баргашта, дар Мактаби олии техникии Берлин кор мекунад. Проф. Донишгоҳҳои Страсбург (аз 1872) ва Мюнхен (аз 1875). Дар синни 12-солагӣ намаки дучандаи нав – карбонати мис ва натрийро кашф мекунад. Кашфи кислотаи барбитурат ва барбитуратҳо (1864), реаксияи индофенил (1879) низ ба Байер мансуб аст.
Ҷоизаҳо[вироиш]
Соли 1905 барои хидматҳои бузургаш дар пешрафти кимиёи органикӣ ва саноати кимиё, дар робита ба пажӯҳишҳо оид ба рангҳои органикӣ ва пайвастҳои гидроароматӣ ба Мукофоти нобелӣ дар соҳаи кимиё сазовор гардидааст. Ҷамъияти кимиёшиносони Олмон бо номи Байер мукофоту медал таъсис додааст.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 http://merkelstiftung.de/Familie/Familiendaten/getperson.php?personID=I21612&tree=PWMerkel
- ↑ 3.0 3.1 Комитет исторических и научных работ — 1834.
- ↑ https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=ola2002150664
- ↑ 5.0 5.1 Туринская академия наук — 1757.
Сарчашма[вироиш]
- Байер Адолф // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 265. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.