Адҳам Холиқов
Адҳам Холиқов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 7 май 1948 |
| Зодгоҳ | ноҳияи Фархор |
| Таърихи даргузашт | 3 июл 2024 (76 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Пеша(ҳо) | мусиқидон |
Адҳам Холиқов (Холиқов Адҳам Қурбонович; 7 майи 1948, Фархор — 3 июли 2024, Душанбе) — овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2004)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Адҳам Холиқов 7 майи соли 1948 дар ноҳияи Фархорба дунё омадааст. Дар соли 1970 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ва дар соли 1979 Консерваторияи давлатии шаҳри Маскавро хатм кардааст.
Коронома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1970—1980 сарояндаи ансамбли "Красная звезда"-и шаҳри Маскав, аз соли 1980 овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.
Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад. Бо иштироки ӯ дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик ва аврупои сурудҳои операвӣ ва халқӣ дар хориҷи мамлакат садо медиҳанд.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ овози форам ва дорои маҳорати сарояндагӣ ва маданияти баланд дошта дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои (образ) ҷолиб офаридааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад. Дар 30 спектаклҳои операвӣ нақш офаридааст.
Қаҳрамонҳои спектаклҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Онегин (« Евгений Онегин» П. И. Чайковского),
- Ренато («Бал-макарад» Дж. Верди),
- Фигаро («Севилӣский сирюлник» Ҷ.Росини),
- Порги («Порги и Бес» Ч. Гершвин),
- Демон (« Демон» А. Рубинштейн) ва диг.
Спектаклҳои операвӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Беҳзод, «Айнӣ» Шарофиддин Сайфиддинов,
- Салим, «Қишлоқи тилои» Дамир Дӯстмуҳаммадов,
- Содиқ, «Бозгашт» Ёқуб Сабзанов,
- Арсений, «Ғуломон» Толиб Шаҳидӣ,
- Восеъ « Фарёди гузаштаҳо» Талабхӯҷа Сатторов нақшҳои асосиро иҷро намудааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Адҳам Холиқов 3 июли соли 2024 дар синни 76-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.[2]
Ордену ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Дӯстии халқҳо» (2005)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (3 сентябри 2004). 17 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Даргузашти операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (4 июли 2024). 3 июли 2025 санҷида шуд.
- Зодагони 7 май
- Зодагони соли 1948
- Даргузаштагони 3 июл
- Даргузаштагони соли 2024
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Ҳунармандони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон