Jump to content

Азизмоҳ Асадуллоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азизмоҳ Асадуллоева
аз 7 сентябр 1992
Пешгузашта Марям Набиева[d]

Таваллуд 19 июл 1955(1955-07-19) (69 сол)
Ҳамсар Эмомалӣ Раҳмон
Фарзандон Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ

Азизмоҳ Асадуллоева (зод. 19 июл 1955, ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ) — бонуи аввали Тоҷикистон, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Азизмоҳ Асадуллоева соли 1955 дар деҳаи Навободи ноҳияи Колхозобод ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи №33-и ноҳияи Колхозободро[1] то синфи 8 хонда, баъди хатми синфи 8 барои кӯмак ба корҳои модари серфарзандаш таҳсилро давом надод[2].

Соли 1975 Азизмоҳ бо писарамааш Эмомалӣ Раҳмон оила барпо намуда, ба ноҳияи Данғара рафт[2]. Азизмоҳ ҳамчун деҳқондухтари асил корҳои хона ва саҳроро ба анҷом мерасонд. Чанде корманд ва баъдан сардори звенои оилавӣ Колхози ба номи Ленини ноҳия Данғара буд.

Модари 2 писар ва 7 духтар: Фирӯза, Озода, Тахмина, Рухшона, Парвина, Рустам, Заррина, Фарзона ва Сомон.

  1. Зариф Ғулом. Боргоҳи донишу хирад, «Омӯзгор» № 22 (3 июни 2021), стр. 13.
  2. 2.0 2.1 Саттор Бобохонов. Аз деҳқондухтар то Бонуи аввал. cccp.tj. СССР - Мо метавонем! (18 июли 2018). 18 Декабри 2024 санҷида шуд.
  • Асадуллоева Азизмоҳ // Энсиклопедияи бонувони шинохтаи тоҷик — Д., 2021. — С. 80. — 520 с. — ISBN 978-999-75-68-20-5