Jump to content

Озода Раҳмон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳмон Озода Эмомалӣ
аз 27 январи 2016
Пешгузашта Бахтиёр Худоёрзода
парчам
7-умин Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 майи 2014 — 27 январи 2016
Пешгузашта Маҳмудҷон Собиров
Ҷонишин Низомиддин Шамсиддинзода
парчам
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 сентябри 2009 — 15 майи 2014

Таваллуд 3 январ 1978(1978-01-03) (46 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Раҳмонова Озода Эмомалиевна
Падар Эмомалӣ Раҳмон[1]
Модар Азизмоҳ Асадуллоева
Ҳамсар Ҷамолиддин Нурализода
Фарзандон 5 фарзанд
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Касб ҳуқуқшинос
Эътиқод ислом, суннӣ
Ҷоизаҳо
Ордени Шараф

Раҳмон Озода Эмомалӣ (Раҳмонова Озода Эмомалиевна то апрели соли 2014[2]; 3 январи соли 1978, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими давлатии тоҷик, Сафири фавқулода ва мухтори дараҷаи 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2012)[3]. Мушовири давлатии адлия (2017). Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 январи 2016).

Зиндагинома

Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд[4].

Таҳсил

Солҳои 1995—2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004—2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ИМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст[4].

Фаъолияти корӣ

  • Солҳои 2005—2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка фаъолият намудааст.
  • Солҳои 2007—2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои ҳамчун 2009—2014 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014—2015 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
  • Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид[5].
  • Аз 29 майи соли 2016 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 15 июли соли 2016 Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб гардидааст [6][7].

Фаъолияти сиёсӣ

Раҳмон Озода Эмомалӣ дар ҳимояи манфиатҳо ва мавқеи кишвар дар рафти вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва такони нав бахшидан ба муносибатҳои консулии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

Қобили қайд аст, ки маҳз дар давраи фаъолияти Раҳмон Озода Эмомалӣ дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ бо ибтикор ва роҳбарии ӯ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолаияти консулӣ такмил гардиданд. Аз ҷумла, дар ин давра «Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ», «Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии маълумот ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуданд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Бо ташаббуси Раҳмон Озода Эмомалӣ шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардида, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Саҳми Раҳмон Озода Эмомалӣ дар амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат, ки боиси боз ҳам боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, тавсеа ёфтани муносибатҳои дипломатӣ хеле назаррас мебошад.

Фаъолияти илмӣ

Раҳмон Озода Эмомалӣ 25 майи 2012 дар Душанбе дар мавзӯи «Рушди қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар Тоҷикистон (солҳои 1917—2011)»[3] рисолаи номзадӣ ҳимоя кард[8]. Озода унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд, ин тадқиқотро бо раҳбарии академик Фозил Тоҳиров ба анҷом расондааст[9].

Ҷоизаҳо

Озода Раҳмон рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад. Ӯ ҳамчунин 25 майи соли 2017 ба унвони мушовири давлатии адлияро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарёфт кардааст[10].

Раҳмон Озода Эмомалӣ 28 августи соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хидматҳои содиқонааш ба Ватан бо ордени Шараф, дараҷаи I қадрдонӣ гардидааст[11].

Эзоҳ

  1. https://www.rferl.org/a/Tajik_Presidents_Son_Given_Position_In_Football_Federation/2209891.html
  2. Озода Рахмонова стала Рахмон Озода Эмомали | Новости Таджикистана ASIA-Plus. Проверено 2 Январ 2018.
  3. 3.0 3.1 Феҳристи ягонаи таҳқиқотҳои илмии соҳаи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.mmk.tj. 2 Январ 2018 санҷида шуд.
  4. 4.0 4.1 РАҲМОН Озода Эмомалӣ(тоҷ.). Сайти расмии Президенти Тоҷикистон. www.prezident.tj. 2 Январ 2018 санҷида шуд.
  5. ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Раҳмон Озода Эмомалӣ. Душанбе, 27 январи соли 2016. № 620
  6. Эмомалӣilli.tj/0014-2/ РАҲМОН Озода Эмомалӣ(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.
  7. Озода Рахмон будет утверждать законы Таджикистана | Новости Таджикистана ASIA-Plus. Проверено 2 Январ 2018.
  8. Дочь президента Таджикистана защитила диссертацию в области юриспруденции | Новости Таджикистана ASIA-Plus. Проверено 2 Январ 2018.
  9. Озода Раҳмонова номзади илми ҳуқуқ мешавад. Радиои Озодӣ. 2 Январ 2018 санҷида шуд.
  10. Озода Раҳмон мушовири давлатии адлия шуд. Радиои Озодӣ. 2 Январ 2018 санҷида шуд.
  11. Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ гардид // Сайти расмии ВКХ, 28 августи 2015

Сарчашма