Рустами Эмомалӣ
аз 17 апрели 2020 | |
Пешгузашта | Маҳмадсаид Убайдуллоев |
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ
|
|
аз 24 апрели 2019 | |
Президент | Салмон ибни Иброҳим ал-Халифа |
Пешгузашта | Умед Аҳмадҷонов |
аз 4 апрели 2017 (и. в. аз 12 январ то 4 апрели 2017)[1] |
|
Пешгузашта | Маҳмадсаид Убайдуллоев |
соли 2015 — 12 январи 2017 | |
Пешгузашта | Фаттоҳ Саидов |
Ҷонишин | Сулаймон Султонзода |
соли 2013 — соли 2015 | |
Ҷонишин | Фаттоҳ Саидов |
Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
соли 2012 — соли 2013 | |
|
|
Таваллуд |
19 декабр 1987 (36 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Рустам Эмомалиевич Раҳмонов |
Падар | Эмомалӣ Раҳмон[2] |
Модар | Азизмоҳ Асадуллоева |
Ҳизб | |
Таҳсилот |
Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2008) Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия (2011) |
Эътиқод | ислом, ҳанафӣ |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Рустами Эмомалӣ (зод. 19 декабри соли 1987, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик, генерал-майори хадамоти гумрук (2014). Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2020)[3], раиси шаҳри Душанбе (аз 2017)[1], президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон[4], яке аз муассисон ва молики дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе.
Зиндагинома
Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара дар хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ва Азизмоҳ Асадуллоева[5] ба дунё омадааст. Дар соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст[6]. Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.
Фаъолияти корӣ
Фаъолияти кориашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009—2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2011—2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012—2013 муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2013—2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон[7] буд.
Солҳои 2015—2017 дар вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст[8].
Аз 12 январи соли 2017 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид[1].
17 апрели соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаст[3].
Фаъолияти ҷамъиятӣ
Аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 узви Кумитаи муносибатҳои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва аз апрели соли 2019 Рустами Эмомалӣ Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст[9].
Ҷоизаву орденҳо
Эзоҳ
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе // PRESIDENT.TJ — 12 январи 2017, 16:01, шаҳри Душанбе.
- ↑ https://www.rferl.org/a/Tajik_Presidents_Son_Given_Position_In_Football_Federation/2209891.html
- ↑ 3.0 3.1 Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. president.tj. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (17 апрели 2020). 22 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ Рустами Эмомали переизбран президентом Федерации футбола Таджикистана(рус.). Avesta.tj (14 Декабри 2024). 18 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Асадуллоева Азизмоҳ // Энсиклопедияи бонувони шинохтаи тоҷик — Д., 2021. — С. 80. — 520 с. — ISBN 978-999-75-68-20-5
- ↑ Тарҷумаи ҳоли Раиси шаҳри Душанбе. dushanbe.tj. Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. 15 сентябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 30 ноябри cоли 2013 № 540 ш. Душанбе Дар бораи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Рустами Эмомалӣ
- ↑ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Рустами Эмомалӣ
- ↑ Sputnik. Рустам Эмомали избран президентом Центрально-Азиатской футбольной ассоциации(рус.). Sputnik Таджикистан. 4 сентябри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Маросими супоридани ҷоизаҳои давлатӣ(тоҷ.). www.president.tj. Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон. 30 августи 2018 санҷида шуд.
Пайвандҳо
- Президенти Тоҷикистон. Суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум. prezident.tj. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (17 апрели 2020). 15 сентябри 2023 санҷида шуд.