Jump to content

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода
Таърихи таваллуд 4 март 1959(1959-03-04) (65 сол)
Зодгоҳ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ[d]

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода (Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад; зод. 4 марти 1959, ноҳияи Ашт) — ҳуқушинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода 4 марти соли 1959 дар ноҳияи Ашт дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Пас аз анҷоми мактаби миёнаи № 13 ба номи Камоли Хуҷандии ноҳия соли 1976 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1981 хатм мекунад[1].

Оиладор, соҳиби ду писар мебошад.

Ӯ дар вазифаҳои коромӯзи прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Хуҷанд, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ашт, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Исфара, муфаттиши корҳои махсусан муҳим ва сардори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати тафтишотӣ, сардори шуъбаи назорат бар тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд, прокурори вилояти Хатлон, муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовин ва муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Ашт № 17 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум интихоб шудааст[2].

1 марти соли 2015 аз ҷониби бахши ҲХДТ дар ноҳияи Ашт маротибаи дуюм дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ашт № 17 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Хидматҳои Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода дар мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо ордени "Шараф, рутбаи Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 (генерал-лейтенанти адлия), Корманди фахрии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудааст.