Jump to content

Азизуддини Насафӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азизуддини Насафӣ
Таърихи таваллуд ҳазорсолаи 2
Таърихи даргузашт 1287[1]
Кишвар
Фазои илмӣ тасаввуф

Азизуддин Муҳаммади Насафӣ (форсӣ: عزيزالدين بن محمد النسفى‎; тақр. 1240, Насаф — тақр. 1300, Абаркӯҳ, Эрон) — файласуф, мутафаккири тасаввуф ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Насаф ба дунё омадааст. Айёми ҷавонии худро дар зодгоҳаш гузаронда, минбаъд барои таҳсили илм ба Бухоро рафтааст. Соли 1273 баъди аз тарафи элхониён харобу тороҷ гардидани Бухоро Азизи Насафӣ аз Ому гузашта, чанд муддат дар Боҳиробод, дар мазори шайхи худ Саъдуддини Ҳамавӣ зиндагӣ кардааст. Сипас ба Исфаҳон, Шероз ва дигар вилоятҳо сафар карда, бақияи умри худро дар Абркӯҳ гузарондааст. Дар бораи Азизи Насафӣ маъхазҳо, тазкираҳои «Риёз-ул-орифин», «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» ва ғайра маълумоти ночизе овардаанд.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино ба маълумоти онҳо, Азизи Насафӣ мероси бисёре аз худ боқӣ гузоштааст, ки муҳимтаринашон «Мақсад-ул-ақсо», «Кашф-ул-ҳақоиқ», «Китоб инсонилкомил фӣ маърифат-ил-вофир», «Манозил-ус-соирин», «Мабдаъ ва маод» мебошанд. Ӯ тамоми рисолаҳояшро бо дархосту хоҳиши дӯстон ва дарвешон эҷод намудааст. Мавзӯи асосии эҷодиёти ӯро масъалаҳои асосии фалсафа (ҷавҳару, араз, моддаву сурат, ҳаракату сукун, маърифати ҳақиқат), тасаввуф (ишқ, фано, бақо, зикр) ва ғайра дар бар мегиранд.

Дар боби ақоид

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар боби ақоид ва таълимот Азизи Насафӣ пайрави Ибни Арабӣ ба ҳисоб меравад. Таълимоти ваҳдати вуҷудро аз устодаш Саъдуддини Ҳамавӣ омӯхтааст. Азизи Насафӣ маъниҳои мураккаби тасаввуфро возеҳу равшан баён карда, ба ҷиҳати ахлоқии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудааст. Ба фикри Азизи Насафӣ, шариат, тариқат ва ҳақиқат он аст, ки одам рафтору гуфтори нек ва ахлоқи пок дошта бошад. Солики роҳи ҳақиқат бояд соҳиби иродаи ҳақиқӣ бошад, чунки ирода маркаби солик аст. Силсилаи мавҷудотро Азизи Насафӣ аз ақли кул, нафси кул, афлоку анҷум, табоеъ, аносири чаҳоргона ва саранҷом инсон медонад, ки соҳибақл аст; яъне дар аввал тамоми мавҷудот аз ақл пайдо мешаванд ва бо ақл анҷом мепазиранд. Инсон, ба ақидаи Азизи Насафӣ, олами сағир ва ҳар он чӣ ғайри инсон бошад, олами кабир аст. Он чӣ дар олами кабир ҳаст, дар олами сағир низ вуҷуд дорад. Ҷавҳари олами кабир ақли изофист. Рӯҳи изофӣ аз ҷое наомада ва ба ҷое намеравад. Ботини рӯҳи изофӣ муҳити олам аст. Ҳар гоҳ солик қалби худро аз гирифториҳои зулмонӣ пок намуда, сайқал диҳад, рӯҳи изофӣ ботини вайро равшан хоҳад кард. Мавҷудот аз нуру зулмат мураккаб буда, чун равғану шир омехтаанд. Барои он ки сифатҳои худро зоҳир гардонад, нур бояд аз зулмот ҷудо шавад. Дараҷаи баландтарини ҷудошавии нур аз зулмат дар инсони комил зоҳир мешавад ва танҳо ӯ ин ҷараёнро ба охир мерасонад. Дар натиҷаи ҷудошавии нур аз зулмат худшиносии нур оғоз шуда, худро ба воситаи инсони комил мешиносад. Ба ақидаи Азизи Насафӣ, рӯҳи наботӣ дар ҷигар, рӯҳи ҳайвонӣ дар дил ва рӯҳи нафсонӣ дар димоғи инсон ҷой доранд. Ҳар гоҳ сифати нур зоҳир гардад, рӯҳи нафсонӣ, ки дар димоғ аст, ботини одамро равшан мекунад ва шахс ашёро дониста мегирад. Мувофиқи ақидаи Азизи Насафӣ дар инсону ҳайвонот се навъи рӯҳ — наботӣ, ҳайвонӣ ва нафсонӣ мавҷуд аст, вале инсон боз дорои рӯҳи инсонист, ки онро ӯ нафси изофӣ меномад. Умуман, инсон дар натиҷаи таҳзиби ахлоқ аз мартабаи ҳайвонӣ ва шайтонӣ гузашта, аз авсофи замима ва ахлоқи нописандида ороста мегардад. Танҳо дар ин сурат ба мартабаи инсонӣ мерасад. Ҷараёни бо рӯҳи изофӣ пайвастан ба қобилияту истеъдод алоқаманд аст.

Моҳияти худшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Азизи Насафӣ моҳияти худшиносиро танҳо аз хӯрдану хобидану шаҳват иборат намедонад, чун ҳайвон низ чунин сифатҳоро дорад. Инсон, агар ба мардум ёрӣ расонад, кори хайрро пеша кунад ва талаби илму маърифат карда, хештанро бишиносад, ба мартабаи баланди инсони ҳақиқӣ мерасад. Мутафаккир зимни маърифати ашё мақоми ҳисси зоҳирӣ ва ботинӣ, махсусан ақлро баланд бардошта, зимни он ваҳйу илҳомро низ пазируфтааст. Мувофиқи таълимоти Азизи Насафӣ ҳарчи зери фалаки қамар ҷой дорад, бар як ҳол намемонад ва ҳар замон сурате мегирад ва ҳар соат нақше пайдо мекунад. Дар ин ҳолат баробари пайдо шудани сурати аввал сурати дигар падид меояд ва сурати аввал маҳв мегардад. Ин ҷараён мавҷи дарёро мемонад. Ба ибораи мутафаккир, тамоми мавҷудот шахсеро мемонад, ки инсони комил «дили он шахс» аст ва тамомияти ҳақиқату ҷавоҳири ашёро медонад. Азизи Насафӣ дар бисёр асарҳояш, аз ҷумла дар «Мақсад-ул-ақсо», афкори ирфониашро бо шеър баён кардааст. Ин асарро Иброҳим Абдуллоҳ соли 1644 ба туркӣ тарҷума кард. Соли 1855 баъзе қисматҳои он ба забони лотинӣ тарҷума шуд. Афкори тасаввуфии Азизи Насафӣ барои инкишофи минбаъдаи таълимоти ирфонӣ нақши муҳим гузоштааст.

Мероси илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Кашфу-л-ҳақоиқ (کشف الحقایق)
  • Инсони комил (لانسان الکامل (مجموعه رسائل))
  • Мақсаду-л-ақсо (مقصد الاقصی)
  • Зубдату-л-ҳақоиқ (زبده الحقایق)
  • Баёну-т-танзил (بیان التنزیل)
  • Манозилу-с-соъирин (منازل السائرین)
  • Усул ва фурӯъ (اصول و فروع)
  • Оғозу анҷом (آغاز و انجام)
  • Асрор ат-тасаввуф ва хавос ал-ҳуруф (اسرار التصوف و خواص الحروف)
  • Асрор ал-қобилия (اسرار القابلیه)
  • Асрор ал-ваҳӣ (اسرار الوحی)
  • Сулуки мақомот (سلوک مقامات)
  • Лавҳи маҳфуз ва олами сағир (لوح محفوظ و عالم صغیر)
  • Ваҳдати вуҷуд (وحدت وجود)
  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  • Пять философских трактатов на тему «Афак ва анфус», М., 1970.