Jump to content

Азёдкунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Азёдкунӣ — яке аз равандҳои муҳим ва асосии хотира. Он ихтиёрӣ ва ғайриихтиёрӣ, механикӣ ва мантиқӣ мешавад. Азёдкунӣ барои дар хотир мустаҳкам нигоҳ доштани маводи даркшуда, фикр, амал, таассуроту ҳиссиёти равонӣ (психологӣ) мусоидат менамояд. Дар раванди азёдкунӣ амал, фикр ва таассуроти ҷудогона мустаҳкам мешаванд. Азёдкунӣ дар таълими ҳамаи фанҳо – математика, физика, химия, биология, география, таърих, забон, адабиёт, корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ ва ғайра васеъ истифода мегардад. Азёдкунӣ гуногун мешавад: аз ёд кардани мазмуни маводи таълимӣ; аз ёд кардани қоидаҳо, қонунҳо ва формулаҳо, таърихи рӯз ва солҳо; аз ёд кардани порчаҳои назму наср ва ғайра азёдкунӣ характери таълимӣ дошта, бо мақсади дер ва ё муваққатан дар хотир нигоҳ доштани маводи таълим дар дарсҳо, корҳои берун аз синф, ҳангоми иҷрои вазифаи хонагӣ мадад мерасонад. Азёдкунии муваққатӣ ҳангоми иҷро намудани баъзе корҳои берун аз синф истифода мешавад. Масалан, дар ҷамъомадҳо, шабнишиниҳо, шаби саволу ҷавоб ва ғайра муаллим ба талабагони ҷудогона аз бар намудани ягон порчаи шеърӣ, повест ва ё дигар асари бадеиро месупорад. Ин тарзи азёдкунӣ муваққатӣ буда, шояд маводи азбаршуда дигар ба кор наояд. Аз тарафи дигар он на хусусияти оммавӣ, балки маҳдуд дошта, теъдоди ками хонандагонро дар бар мегирад.