Jump to content

Айнулқузоти Ҳамадонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Айнулқузоти Ҳамадонӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: файласуф, ориф, шоир, риёзидон
Таърихи таваллуд: 1098[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 май 1131(1131-05-07)[4][5]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: тасаввуф
Вироиши Викидода

Айнулқузоти Ҳамадонӣ ‌(форсӣ: عین‌القضات همدانی‎) бо номи комил Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Алӣ Миёнҷии Ҳамадонӣ (форсӣ: عبدالله بن محمد بن علی میانجی همدانی‎; 1099, Ҳамадон — 1131, ҳамон ҷо) — ҳҳаким, шоир, нависанда, муфассир, муҳаддис ва фақеҳи форс-тоҷик. Ӯ ба забонҳои форсӣ, арабӣ ва забони порсии миёна ошноӣ дошт ва дар айни ҳол дар ирфону тасаввуф дар болотарин ҷойгоҳ қарор доштааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаёт ва фаъолияти Айнулқузоти Ҳамадонӣ ба давраи ҳукмронии Салҷуқиён (1040—1157) рост меояд. Шароити мураккаби иҷтимоиву сиёсии он давра ба фаъолияти эҷодии Айнулқузоти Ҳамадонӣ таъсири худро гузоштааст. Баъзе муаррихон Айнулқузоти Ҳамадониро шогирди Умари Хайём ва муриди Аҳмади Ғазолӣ ҳисобидаанд. Айнулқузоти Ҳамадонӣ душмани ашаддии илоҳиётшиносони иртиҷоӣ ва ҳокимони мустабид буд. Ин рафтори мутафаккир боиси марги нофарҷоми ӯ гардид. Айнулқузоти Ҳамадонӣ дар ҷавониаш доир ба илоҳиётшиносии ислом як силсила асарҳо (ба забони арабӣ) навиштааст. Мутаассифона аз онҳо танҳо баъзе порчаҳо боқӣ мондаанд. Ӯ дар давраи камолоти эҷодиаш ба навиштани асарҳои тасаввуфӣ пардохт. Дар «Зубдат-ул-ҳақоиқ», «Мактубот», «Тамҳидот», «Шакво-л-ғариб» ва ғайра Айнулқузоти Ҳамадонӣ масъалаҳои назарию амалии тасаввуфро баррасӣ намудааст. Ба ӯ китобҳои «Шарҳи калимоти қиссаоти Бобо Тоҳир», «Яздоншинохт», «Лавоеҳ»-ро низ мансуб медонанд.

Афкор ва назарияҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Айнулқузоти Ҳамадонӣ яке аз назариётчиёни тасаввуф буда, бештари таълифоташ ба равшан намудани масъалаҳои баҳсталаби ирфонӣ бахшида шудаанд. Масъалаҳои таносуби худо, табиат ва инсонро Айнулқузоти Ҳамадонӣ аз мавқеи тасаввуф ҳал карда, вуҷуди худоро бетағйиру абадӣ медонад. Ба ақидаи мутафаккир, офаридгор холиқи тамоми мавҷудоти зинда буда, зоти ӯ дастраси ақли инсонӣ намебошад. Дар афкори пантеистии Айнулқузоти Ҳамадонӣ масъалаи пайдоиши силсилаи маротиби вуҷуд матраҳ шуда, ӯ худоро вуҷуди ягонае мешуморад, ки мисли Офтоб олами моддиро нурпошӣ карда, ба он ҳастӣ мебахшад. Ҳамин ҷиҳати таълимоти ӯ, ки моҳиятан пайдоиши ваҳдатро аз касрат аз назари ирфонӣ имконпазир мегардонад, боиси хашму ғазаби фақеҳону илоҳиётшиносон гардид. Айнулқузоти Ҳамадонӣ илоҳиётшиносони исломро, ки ба худ сифатҳои инсонӣ медоданд, сахт танқид кардааст. Роҷеъ ба масъалаи сабабият Айнулқузоти Ҳамадонӣ фикри намояндагони мактаби машшоъро напазируфта, (нигар Машшоия) худоро вуҷуди мутлақ ва сабаби зуҳуроти олами моддӣ медонад. Афкори озодандешии Айнулқузоти Ҳамадонӣ дар ҳалли масъалаи озодии ирода зоҳир мешавад. Ӯ инсонро дар рафтору омолаш бар хилофи назарияи аҳкомпарастонаи динӣ озоду мустақил мешуморад. Мақсаду мароми ҳастиро Айнулқузоти Ҳамадонӣ мисли дигар мутасаввифон дар ваҳдати вуҷуд медид. Барои ба он ноил шудан бояд инсон ахлоқи ҳамидаро касб карда, тавассути риёзати қалбӣ ба камолоти маънавӣ расад ва бо тааммули амиқи фикрӣ холиқашро шиносад. Айнулқузоти Ҳамадонӣ нафсро се навъ медонад. Нафсҳои наботию ҳайвонӣ мисли назари дигар мутафаккирон аст, вале асоси таълимоти мутафаккирро роҷеъ ба ин масъала «қалб» ташкил медиҳад. Қалб дар таълимоти Айнулқузоти Ҳамадонӣ моҳияти маънавӣ пайдо карда, тамоми маърифати ирфонӣ тавассути он сурат мегирад.

  • Умаров И., Философские и этические взгляды Айнулкузота, Д., 1984.
  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Babelio (фр.) — 2007.
  3. https://data.cerl.org/thesaurus/cnp00448136 (ингл.)Consortium of European Research Libraries.
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)