Акбар Адҳамов
![]() |
Адҳамов Акбар Акобирович | |
Таърихи таваллуд | 17 декабр 1955 (67 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | физика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов |
Адҳамов Акбар Акобирович (17.12.1955, Душанбе) — физикадон. Доктори илмҳои физика ва математика (2002). Фарзанди Адҳамов Акобир Адҳамович.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Адҳамов Акбар дар факултаи физикаи Университети давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов таҳсил намудааст (1972–1978). С. 1965–1968 дар Лабораторияи рад., соли 1968–1972 дар Лабораторияи кибернетикаи Стансияи техникии наврасони пойтахт бо ихтироъкорӣ машғул шуда, иштир. НКХХ СССР гардидааст. Пас аз хатми Университети давлатии Маскав коромӯз (1979–1981), аспиранти шуъбаи назарияи тазоҳуроти плазмавии Ин.-ути физ. ба номи П.Н. Лебедеви АИ СССР (Москва, 1981–1984), ҳамзамон дар ИФТ ба номи С. Умаров ба ҳайси корм. Лабор. физ. криогеннӣ (1985–1991), корм. калони илмии Лабор. физ. лазерӣ (1991–2014) кор кардааст. С. 1987 дар Ин.-ути физ. АИ СССР дар мавзӯи «Теоретическое исследование вынужденного расеяния Мандельштама-Бриллюэна в разреженной плазме» рисолаи номзадӣ ва соли 2002 дар мавзӯи «Процессы нелинейного взаимодействия электромагнитных волн в полупроводниковых соединениях и плазме» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Аз соли 2014 – корманди пешбари илмии Лабор. физ. криогеннии ИФТ. Аз соли 1995 бо технологияи компютерӣ ва солҳои 1995–2018 дар Интернет бо ихтирооти компютерии режими «шикори озод» (зуд васл шудан ба мавзӯъҳои аҷоиб ва ҷолиби компютерӣ) машғул аст. Соли 2007 дар Вазорати адлияи ҶТ ташкилоти ҷамиятии «ЦИФРА» кушодааст. Аз соли 2011 то имрӯз блогҳо ва чандин гурӯҳро бахшида ба пешрафти илм ва техника ва ҳамчунин тиб дар Фэйсбук бар уҳда дорад. Дар рӯзномаи «Народная газета» (20.04.2016) ва дар «Народная газета» мақолааш таҳти унвони «Қалбро набояд хун кард!» ба табъ расидааст.[1]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. — С. 16. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6