Акбар Маъруфов
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Таърихи таваллуд | 16 октябр 1959 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Истаравшан ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Акбар Маъруфов — (Тав. 16 октябри соли 1959, ноҳияи Истаравшан) — шоир, омӯзгор, роҳбар ва фаъоли ҷамоати деҳоти ноҳияи Истаравшан.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маъруфов Акбар 16 октябри соли 1959 дар деҳаи Ругунди ноҳияи Истаравшан таваллуд шудааст.
Мактаби миёнаи деҳаро соли 1977 хатм намуда, ҳамон сол ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе, ба факултаи таъриху филология, шуъбаи таърих дохил шудааст. Соли 1981 Донишкадаи мазкурро хатм намуда, то соли 1983 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ ИҶШС хидмат намудааст. Аз соли 1983 то соли 1987 дар мактаби миёнаи №12-и деҳаи Ругунд дар ҳайси омӯзгор ва ҷонишини директор оид ба таълим кор кардааст.
Аз соли 1987 то соли 2002 дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти ба номи Фрунзе, аз соли 2002 то марти соли 2003 дар вазифаи роҳбари хоҷагии ҷамоатии Ругунд, аз моҳи марти соли 2003 то декабри соли 2006 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ш. Истаравшан, аз августи соли 2007 то декабри соли 2008 дар вазифаи мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан кор кардааст. Аз декабри соли 2008 дар вазифаи Раиси ҷамоати деҳоти ба номи Фрунзе кор мекунад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Ситораи хуфта» (1997)
- «Варкада» (2000)[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 с.