Jump to content

Аквамарин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аквамирин аз Покистон

Аквамари́н (лот. aqua marina — оби баҳр) — навъе аз гурӯҳи минералҳои берилл, бериллосиликати алюминий.

Бори аввал Беотиус де Боот соли 1609 бинобар ба ранги оби баҳр монанд буданаш номгузорӣ кардааст.

Кристаллҳои Аквамарин шаффофи осмонранг ё сабзранганд. Баъди то 400°С тафсондани он рангаш баландтар мешавад. Минерали хеле мӯрт мебошад. Формулаи химиявиаш Be3Al2Si6O18. Сингонияаш гексагоналӣ. Ҷилояш шишагун буда, шаффофу ношаффоф мешавад. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос 7,5 — 8. Зичиаш 2670—2710 кг/м3, нишондиҳандаи шикасташ 1,577 — 1,583. Аквамарин санги қиматбаҳои дараҷаи 2-юм буда, дар заргарӣ истифода мешавад. Калонтарин кристалли сифаташ барои заргарӣ мувофиқ соли 1910 дар Бразилия ёфта шудааст (вазнаш 110,5 кг, бараш 42 см). Дар заргарӣ асосан Аквамарини вазнаш аз 10 карат (қирот) калонро истифода мебаранд. Бо Аквамарин тоҷи шоҳонро зеб медоданд ва онро ба сифати линзаи айнак истифода мебурданд (линзаи нахустин соли 1300 сохта шудааст). Конҳои калонтарини пегматитӣ ва грейзении баландсифат дар Россия, Бразилия, ШМА, Ҳиндустон ва ҷаз. Мадагаскар мавҷуданд.