Jump to content

Акколбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Акколбозӣ — чиллакбозӣ, яке аз бозиҳои қадимии бачагони тоҷик.

Навъҳои акколакбозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Акколбозӣ навъҳои бисёр дорад, ки махсуси баҳор, тобистон ва аввали тирамоҳ аст. Асбоби ин бозӣ аккол (чиллак) – чӯби тарошидаи (15 см) ду нӯгаш тез ва акколдаста (чиллакдаста) – чӯби дарозтари (70 – 80 см) тарошида мебошанд. Ҳангоми акколбозӣ бозигарон (миқдорашон маҳдуд нест) ба ду гурӯҳ тақсим шуда, ҳар гурӯҳ ба худ сардор интихоб мекунад. Барои бозиро сар кардан пиллаҷой (марраҷой) мекашанд ва дар он ҷо акколдастаро мегузоранд.

Оғози бозӣ чанд хел аст. Масалан, яке акколро боло партофта, бо акколдаста мезанад, ё ки яке мепартояд ва дигаре мезанад. Баъд масофаи аккол тайкардаро бо акколдаста чен мекунанд. Пеш аз чен кардани масофа ҳар гурӯҳ як нӯги акколдастаро тарафи худ қарор медиҳад. Яке аз сардорҳо «тарафи ман», «тарафи ту» гӯён масофаро чен мекунад. Кадом нӯги акколдас та ба аккол расад, гурӯҳи «соҳиби» ҳамон нӯг бозиро сар мекунад. Агар гурӯҳи дуюм акколро бо доман дошта гирад ё аккол ба замин рост истад ё бозигар хато кунад, бозӣ насиби ӯ мегардад. Баъди аз майдон зада баровардани аккол, бачагони гурӯҳи дуюм кӯшиш мекунанд, ки акколро ба акколдастаи дар пиллаҷой буда расонанд, ё ки бо як дам «зув … в» гӯён ба пиллаҷой биёранд.